https://sputnik.tj/20251010/putin-rusiya-osiyoi-markazi-nerugohhoi-nav-1071938377.html
Путин: Русия омода аст дар Осиёи Марказӣ нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ бунёд кунад
Путин: Русия омода аст дар Осиёи Марказӣ нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ бунёд кунад
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия дар дувумин нишасти Русия ва Осиёи Марказӣ, ки дар Душанбе баргузор шуд, суханронӣ кард
2025-10-10T10:31+0500
2025-10-10T10:31+0500
2025-10-10T10:31+0500
музокироти путин ва трамп дар аляска
сафари путин ба тоҷикистон
владимир путин
осиёи марказӣ
душанбе
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/09/1071938611_0:185:3147:1956_1920x0_80_0_0_26631f02a37fad6f150afaa30cb2ef9c.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Русия ба таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ ва иттифоқи худ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ собит аст. Дар ин бора Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни ифтитоҳи нишасти дуввуми Русия ва Осиёи Марказӣ изҳор дошт.Вай қайд кард, ки Русия яке аз сармоягузорони пешрафта дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст."Ҳаҷми умумии сармоягузории Русия беш аз 20 млрд долларро ташкил медиҳад", - гуфт раҳбари Русия. Аммо вай ин рақамро нокофӣ донист. Дар ҳамин ҳол, Русия манфиатдор аст, ки ширкатҳои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар лоиҳаҳои саноатии Русия, аз ҷумла технологияҳои баланд, ивазкунандаи воридот ва дигар соҳаҳо фаъолонатар ширкат варзанд, гуфт президент. Русия дар навбати худ омода аст, дар бунёди неругоҳҳои нави барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин дар тарҳҳое, ки ба таъмини амнияти инфрасохтори обу энержӣ ва истифодаи оқилонаи захоири об ва дарёҳои фаромарзӣ нигаронида шудаанд, ширкат кунад.Путин рушди масирҳои магистралӣ тавассути Осиёи Марказиро авлавияти аслӣ медонад. Дар робита ба авзоъ дар Афғонистон ӯ таъкид кард, ки гурӯҳҳои террористӣ ҳамчунон кӯшиши истисмори ин кишварро барои паҳн кардани ақидаҳои ифротгароӣ ва даст задан ба ҷинояткорӣ истифода мекунанд.Дар ҳамин ҳол, мақомоти феълии Афғонистон омодагии худро барои ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир нишон медиҳанд ва Русия аз ин ҷонибдорӣ мекунад, гуфт раисиҷумҳури Русия.
https://sputnik.tj/20250914/korshinos-tarhho-enerzhi-rusiya-osiyoi-markazi-1071176831.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/09/1071938611_203:0:2934:2048_1920x0_80_0_0_db3705b6b55dc066394ff3803b2b03da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, ом, нерӯгоҳҳои нав
русия, ом, нерӯгоҳҳои нав
Путин: Русия омода аст дар Осиёи Марказӣ нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ бунёд кунад
Президенти Русия дар дувумин нишасти Русия ва Осиёи Марказӣ, ки дар Душанбе баргузор шуд, суханронӣ кард
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Русия ба таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ ва иттифоқи худ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ собит аст.
Дар ин бора Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни ифтитоҳи нишасти дуввуми Русия ва Осиёи Марказӣ изҳор дошт.
"Русия ҷонибдори амиқтар кардани равобити мутақобилан судманди сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона аст", - гуфт Путин.
Вай қайд кард, ки Русия яке аз сармоягузорони пешрафта дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.
"Ҳаҷми умумии сармоягузории Русия беш аз 20 млрд долларро ташкил медиҳад", - гуфт раҳбари Русия.
Аммо вай ин рақамро нокофӣ донист. Дар ҳамин ҳол, Русия манфиатдор аст, ки ширкатҳои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар лоиҳаҳои саноатии Русия, аз ҷумла технологияҳои баланд, ивазкунандаи воридот ва дигар соҳаҳо фаъолонатар ширкат варзанд, гуфт президент.
Русия дар навбати худ омода аст, дар бунёди неругоҳҳои нави барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин дар тарҳҳое, ки ба таъмини амнияти инфрасохтори обу энержӣ ва истифодаи оқилонаи захоири об ва дарёҳои фаромарзӣ нигаронида шудаанд, ширкат кунад.
Путин рушди масирҳои магистралӣ тавассути Осиёи Марказиро авлавияти аслӣ медонад.
"Мо омодаем бо шумо дар бунёди занҷирҳои нави логистикӣ ва нақлиётӣ, бо рушди масирҳои магистралии аз кишварҳои мо убуркунандаи Шимол-Ҷануб ва Шарқ-Ғарб, инчунин бунёди долонҳои нави трансконтиненталӣ, ки ҳадафи асосӣ маҳсуб мешавад, ҳамкорӣ кунем", - гуфт роҳбари Русия.
Дар робита ба авзоъ дар Афғонистон ӯ таъкид кард, ки гурӯҳҳои террористӣ ҳамчунон кӯшиши истисмори ин кишварро барои паҳн кардани ақидаҳои ифротгароӣ ва даст задан ба ҷинояткорӣ истифода мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти феълии Афғонистон омодагии худро барои ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир нишон медиҳанд ва Русия аз ин ҷонибдорӣ мекунад, гуфт раисиҷумҳури Русия.