https://sputnik.tj/20250914/korshinos-tarhho-enerzhi-rusiya-osiyoi-markazi-1071176831.html
Коршинос дар бораи тарҳҳои энержии Русия дар Осиёи Марказӣ сӯҳбат кард
Коршинос дар бораи тарҳҳои энержии Русия дар Осиёи Марказӣ сӯҳбат кард
Sputnik Тоҷикистон
Сармуҳаррири "Геоэнергетика инфо" дар бораи идомаи интиқоли газ тибқи созишномаи миёни Русия ва Узбекистон, инчунин мушкилоти марбут ба истифодаи газ дар минтақаи шимолу шарқии Қазоқистон сухан гуфт
2025-09-14T17:15+0500
2025-09-14T17:15+0500
2025-09-14T17:16+0500
энергетика
русия
лоиҳа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103063/19/1030631955_179:133:3462:1980_1920x0_80_0_0_3f2afe2681d44b3360ac7f7d3d943d0b.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. "Газпром" ва ширкати чинии CNPC ёддошти нави ҳамкориҳои стратегиро имзо карданд. Он, аз чумла, созишномахои сохтмони "Қувваи Сибир-2" ва лӯлаи гази транзити "Союз-Восток" тавассути Муғулистонро дарбар мегирад. Дар ин бора моҳи сентябр зимни нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки дар Чин баргузор шуд, маълум шуд. Дар ҳамин ҳол, қаблан гуфта мешуд, ки тарҳҳои лӯлаи газ дар Осиёи Марказӣ низ амалӣ мешавад.Сохтмони лӯлаи нави гази Русия ба Чин ва ҳамчунин тарҳҳои энержӣ дар Осиёи Марказиро хабарнигори Sputnik бо забони русӣ бо сардабири рӯзномаи "Геоэнергетика инфо" Борис Мартсинкевич баррасӣ кард.Дар ҳамин ҳол, бо такя ба омор, дар моҳҳои ноябр-декабри соли 2023 дар ду моҳ 1,7 млрд. мукааб газ интиқол дода шудааст.Тибқи маълумоти ширкати давлатии "Қазоқгаз"-и Қазоқистон, ки масъулияти интиқоли газро бар ӯҳда дорад, соли 2024 ин рақам 5,7 буд, имсол фармоиш аз "Ӯзбекгаз" ба 7,1 миллиард метри мукааб расидааст. Ва дар нақшаҳои соли 2026 Узбекистон 11 миллиард метри мукааб дархост кардааст.Агар ҳама чиз мувофиқи нақша сурат гирад, пас соли оянда интиқоли газ аз Русия ба Қазоқистону Узбекистон ва тавассути Узбекистон ба Қирғизистон ба 20 млрд метри мукааб мерасад.Коршинос ҳамчунин аз варианте ёдовар шуд, ки дар моҳи марти соли ҷорӣ муовини нахуствазири Русия Александр Новак дар бораи он гуфта буд.Қарор аст, лӯлаи газ аз минтақаи шимолу шарқии Қазоқистон, ки дар он ҷо мушкилот вуҷуд дорад, ба Чин гузарад.Иқтидори умумии он бояд то 35 млрд метри мукааб, аз он 25 млрд ба Чин, 10 миллиардаш ба Қазоқистон интицол ёбад.. Аммо, дар бораи ин лоиҳа ҳанӯз хабаре нест, гуфт ӯ.Варианти дуюми имконпазири газификатсия ин интиқол тавассути тарҳи "Осиёи Марказӣ - Марказ" мебошад. Аммо азбаски он дар солҳои 70-уми асри гузашта сохта шуда буд, дар ин ҷо сармоягузории ҷиддӣ лозим аст.Имрӯз иқтидори интиқоли он 45 млрд метри мукаабро ташкил медиҳад, агар модернизатсия анҷом дода шавад, он метавонад ба 90 расонад. Бо вуҷуди ин, Қазоқистон касри буҷет дорад - бояд ё сармоягузоронро ҷустуҷӯ кард ё манбаи нави молиявӣ пайдо намуд, бовар дорад, коршинос.
https://sputnik.tj/20250706/halqa-roghun-rusiya-nizom-yagonai-energetiki-osiyo-markazi-hamroh-1068664008.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103063/19/1030631955_581:0:3312:2048_1920x0_80_0_0_1196104d891fe3a80412dd845b78fc58.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тарҳҳои энержӣ, русия, осиёи марказӣ
тарҳҳои энержӣ, русия, осиёи марказӣ
Коршинос дар бораи тарҳҳои энержии Русия дар Осиёи Марказӣ сӯҳбат кард
17:15 14.09.2025 (Навсозишуда: 17:16 14.09.2025) Сармуҳаррири "Геоэнергетика инфо" дар бораи идомаи интиқоли газ тибқи созишномаи миёни Русия ва Узбекистон, инчунин мушкилоти марбут ба истифодаи газ дар минтақаи шимолу шарқии Қазоқистон сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. "Газпром" ва ширкати чинии CNPC ёддошти нави ҳамкориҳои стратегиро имзо карданд. Он, аз чумла, созишномахои сохтмони "Қувваи Сибир-2" ва лӯлаи гази транзити "Союз-Восток" тавассути Муғулистонро дарбар мегирад.
Дар ин бора моҳи сентябр зимни нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки дар Чин баргузор шуд, маълум шуд.
Дар ҳамин ҳол, қаблан гуфта мешуд, ки тарҳҳои лӯлаи газ дар Осиёи Марказӣ низ амалӣ мешавад.
Сохтмони лӯлаи нави гази Русия ба Чин ва ҳамчунин тарҳҳои энержӣ дар Осиёи Марказиро хабарнигори Sputnik бо забони русӣ бо сардабири рӯзномаи "Геоэнергетика инфо" Борис Мартсинкевич баррасӣ кард.
"Соли 2023 дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург бо Узбекистон дар бораи интиқоли 2,8 млрд метри мукааб газ дар як сол созишномаи сесола ба имзо расид. Интиқол аз моҳи октябри соли 2023 оғоз шудааст", - ёдовар шуд коршинос.
Дар ҳамин ҳол, бо такя ба омор, дар моҳҳои ноябр-декабри соли 2023 дар ду моҳ 1,7 млрд. мукааб газ интиқол дода шудааст.
Тибқи маълумоти ширкати давлатии "Қазоқгаз"-и Қазоқистон, ки масъулияти интиқоли газро бар ӯҳда дорад, соли 2024 ин рақам 5,7 буд, имсол фармоиш аз "Ӯзбекгаз" ба 7,1 миллиард метри мукааб расидааст. Ва дар нақшаҳои соли 2026 Узбекистон 11 миллиард метри мукааб дархост кардааст.
"Соли гузашта ба Қазоқистон 3,8 млрд метри мукааб интиқол дода шуда буд, имсол 7,1 млрд пешбинӣ шудааст. Солҳои оянда низ аз афташ, зиёд хоҳад шуд", - гуфт Мартсинкевич.
Агар ҳама чиз мувофиқи нақша сурат гирад, пас соли оянда интиқоли газ аз Русия ба Қазоқистону Узбекистон ва тавассути Узбекистон ба Қирғизистон ба 20 млрд метри мукааб мерасад.
Коршинос ҳамчунин аз варианте ёдовар шуд, ки дар моҳи марти соли ҷорӣ муовини нахуствазири Русия Александр Новак дар бораи он гуфта буд.
Қарор аст, лӯлаи газ аз минтақаи шимолу шарқии Қазоқистон, ки дар он ҷо мушкилот вуҷуд дорад, ба Чин гузарад.
Иқтидори умумии он бояд то 35 млрд метри мукааб, аз он 25 млрд ба Чин, 10 миллиардаш ба Қазоқистон интицол ёбад.. Аммо, дар бораи ин лоиҳа ҳанӯз хабаре нест, гуфт ӯ.
Варианти дуюми имконпазири газификатсия ин интиқол тавассути тарҳи "Осиёи Марказӣ - Марказ" мебошад. Аммо азбаски он дар солҳои 70-уми асри гузашта сохта шуда буд, дар ин ҷо сармоягузории ҷиддӣ лозим аст.
Имрӯз иқтидори интиқоли он 45 млрд метри мукаабро ташкил медиҳад, агар модернизатсия анҷом дода шавад, он метавонад ба 90 расонад. Бо вуҷуди ин, Қазоқистон касри буҷет дорад - бояд ё сармоягузоронро ҷустуҷӯ кард ё манбаи нави молиявӣ пайдо намуд, бовар дорад, коршинос.