https://sputnik.tj/20251009/khatlon-165-dabiston-bunyod-tajdid-1071854531.html
То соли 2027 дар Хатлон 165 дабистон бунёду таҷдид мешавад
То соли 2027 дар Хатлон 165 дабистон бунёду таҷдид мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Барномаи навсозию таҷдиди макотиб дар вилояти Хатлон ҳанӯз соли 2022 оғоз гардидааст
2025-10-09T09:31+0500
2025-10-09T09:31+0500
2025-10-09T09:31+0500
маориф
дар тоҷикистон
хатлон
сохтмон
мактаб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/02/1071686521_0:213:2048:1365_1920x0_80_0_0_3d35eaf3856be3aa4f59969a2d08115c.jpg
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. То соли 2027 дар вилояти Хатлон 165 муассисаҳои таълимӣ бунёду таҷдид мешавад.Дар ин бора, сардори Раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф Бахтовар Файзуллозода зимни ҷаласаи корӣ гузориш додааст.Дар умум дар ҷаласа, барномаи давлатии рушди муассисаҳои вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027 баррасӣ гардидааст.Дар ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намудаанд.Файзуллозода зикр кард, ки дар марҳилаи аввали барнома, ки солҳои 2022-2024 амалӣ гардид, корҳои зиёди сохтмонӣ ва таъмир анҷом ёфтаанд. Дар ин марҳила, барои беҳбудии инфрасохтори таълимӣ корҳои назаррас ба итмом расонида шуда, марҳилаи дуюми барнома барои солҳои 2025-2027 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.Муовини якуми вазири маориф ва илм дар бораи иҷроиши босамари барнома сухан гуфта, барои идомаи бомароми корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас додааст.Дар фарҷоми ҷаласа миёни ҳозирин муколамаи афкор сурат гирифта, масъалаҳои муҳим дар самти рушди муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон баррасӣ шудаанд.
https://sputnik.tj/20250911/emomali-rahmon-khovaling-safar-1071070645.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/02/1071686521_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_1ee67dc829df58a2d33ea60cbf0b3cd0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бунёд, макотиби нав, хатлон
бунёд, макотиби нав, хатлон
То соли 2027 дар Хатлон 165 дабистон бунёду таҷдид мешавад
Барномаи навсозию таҷдиди макотиб дар вилояти Хатлон ҳанӯз соли 2022 оғоз гардидааст
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. То соли 2027 дар вилояти Хатлон 165 муассисаҳои таълимӣ бунёду таҷдид мешавад.
Дар ин бора, сардори Раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф Бахтовар Файзуллозода зимни ҷаласаи корӣ гузориш додааст.
Дар умум дар ҷаласа, барномаи давлатии рушди муассисаҳои вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027 баррасӣ гардидааст.
Дар ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намудаанд.
Файзуллозода зикр кард, ки дар марҳилаи аввали барнома, ки солҳои 2022-2024 амалӣ гардид, корҳои зиёди сохтмонӣ ва таъмир анҷом ёфтаанд.
Дар ин марҳила, барои беҳбудии инфрасохтори таълимӣ корҳои назаррас ба итмом расонида шуда, марҳилаи дуюми барнома барои солҳои 2025-2027 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.
"Дар доираи марҳилаи дуюм бунёду таҷдиди 165 бинои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо иқтидори 53 303 ҷойи нишаст дар вилояти Хатлон пешбинӣ шудааст. Ин иқдом барои беҳтар намудани сифати таҳсил ва фароҳам овардани шароити муосир дар муассисаҳои таълимӣ нигаронида шудааст.", - гуфт ӯ.
Муовини якуми вазири маориф ва илм дар бораи иҷроиши босамари барнома сухан гуфта, барои идомаи бомароми корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас додааст.
Дар фарҷоми ҷаласа миёни ҳозирин муколамаи афкор сурат гирифта, масъалаҳои муҳим дар самти рушди муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон баррасӣ шудаанд.