https://sputnik.tj/20251007/peskov-tanaffus-muzokiroti-rusiya-ukraina-1071826110.html
Песков дар аз танаффус дар музокироти Русия ва Украина хабар дод
Песков дар аз танаффус дар музокироти Русия ва Украина хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи раисҷумҳури Кохи Кремлин таъкид кард, ки сабаби танаффус дар музокироти Русия ва Украина Маскав набуд
2025-10-07T18:41+0500
2025-10-07T18:41+0500
2025-10-07T18:41+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
владимир путин
украина
дмитрий песков
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/07/1071827575_0:121:3007:1812_1920x0_80_0_0_076010ba38094c9c6bd327c15710d610.jpg
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков изҳор дошт, ки танаффус дар музокирот ва ҳалли "масъалаҳои мушаххас", ки миёни Русия ва режими Киев баррасӣ мешуд, ба айби Маскав сурат нагирифт.Ҳамчунин Дмитрий Песков аз мулоқоти эҳтимолии Путину Зеленский изҳори назар кард.Ба гуфтаи вай, аз мулоқоти Владимир Путин ва Владимир Зеленский, ки гӯё дар соли 2022, пас аз музокироти Истанбулбояд анҷом меёфт, хабар надорад.Қаблан мушовири собиқи дастгоҳи президенти Украина Алексей Арестович* дар мусоҳиба бо рӯзноманигор Ксения Собчак изҳор дошт, ки мулоқоти Путин ва Зеленский дар соли 2022 пас аз музокироти Истанбул ба нақша гирифта шуда буд.Оқои Песков гуфт, Русия боварӣ дорад, ки президенти ИМА Доналд Трамп иродаи худро барои мусоидат ба ҳалли муноқишаи Украина тавассути музокироти сулҳомез нигоҳ медорад."Ман ҳамчунон такрор мекунам, ки ҳоло мо тахмин мезанем, ки президент Трамп иродаи сиёсиро барои мусоидат ба ҳалли муноқишаи Украина тавассути музокироти сулҳомези сиёсӣ нигоҳ медорад" гуфт Песков ба хабарнигорон.*-ба феҳристи террористҳо ва ифротгароёни Русия шомил шудааст.
https://sputnik.tj/20251003/ukraina-putin-buhron-rusia-1071720690.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/07/1071827575_276:0:3007:2048_1920x0_80_0_0_bf114bce9cc8f63e5165311061798434.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
песков, русия, амалиёти вижа, музокирот, украина, маскав, танаффус
песков, русия, амалиёти вижа, музокирот, украина, маскав, танаффус
Песков дар аз танаффус дар музокироти Русия ва Украина хабар дод
Сухангӯи раисҷумҳури Кохи Кремлин таъкид кард, ки сабаби танаффус дар музокироти Русия ва Украина Маскав набуд
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков изҳор дошт, ки танаффус дар музокирот ва ҳалли "масъалаҳои мушаххас", ки миёни Русия ва режими Киев баррасӣ мешуд, ба айби Маскав сурат нагирифт.
"Мо рӯи масъалаҳои мушаххас кор карда истодаем ва дар ин масъалаҳо бо режими Киев нофаҳмиҳои назаррас вуҷуд дорад. Ин гуноҳи мо нест”, - гуфт ӯ.
Ҳамчунин Дмитрий Песков аз мулоқоти эҳтимолии Путину Зеленский изҳори назар кард.
Ба гуфтаи вай, аз мулоқоти Владимир Путин ва Владимир Зеленский, ки гӯё дар соли 2022, пас аз музокироти Истанбулбояд анҷом меёфт, хабар надорад.
Қаблан мушовири собиқи дастгоҳи президенти Украина Алексей Арестович* дар мусоҳиба бо рӯзноманигор Ксения Собчак изҳор дошт, ки мулоқоти Путин ва Зеленский дар соли 2022 пас аз музокироти Истанбул ба нақша гирифта шуда буд.
Оқои Песков гуфт, Русия боварӣ дорад, ки президенти ИМА Доналд Трамп иродаи худро барои мусоидат ба ҳалли муноқишаи Украина тавассути музокироти сулҳомез нигоҳ медорад.
"Ман ҳамчунон такрор мекунам, ки ҳоло мо тахмин мезанем, ки президент Трамп иродаи сиёсиро барои мусоидат ба ҳалли муноқишаи Украина тавассути музокироти сулҳомези сиёсӣ нигоҳ медорад" гуфт Песков ба хабарнигорон.
*-ба феҳристи террористҳо ва ифротгароёни Русия шомил шудааст.