Фоҷиаи Украина - дарди ҳама: Изҳороти калидии Путин дар бораи буҳрони Украина

© Sputnik / Григорий Сысоев
/ Обуна шудан
Президенти Русия гуфт, агар НАТО ба марзҳои Русия наздик намешуд, мешуд аз муноқиша пешгирӣ шавад
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Кишардори Русия Владимир Путин дар ҳамошии "Валдай" дар бораи буҳрони Украина сухан гуфта онро дарди ҳама унвон кард.
Ӯ гуфт, барои кишварҳои дигар, вазъ дар Украина як роҳи васеъ кардани минтақаи назорати онҳо ва ба даст овардани пул аст.
Дигар изҳорони Путин дар бораи буҳрони Украина:
Масъулият барои идомаи ҷангҳо пеш аз ҳама ба зиммаи Аврупо аст,
Тағйирот дар шуури мардум дар Украина ба амал меояд, новобаста аз он ки мақомоти маҳаллӣ онҳоро мағзшӯӣ мекунанд,
Аврупо муноқишаро пайваста вусъат медиҳад; максади дигаре надоранд.
Изҳороти калидии Путин дар бораи муваффақиятҳои артиши Русия дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ:
Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ташаббуси стратегиро дар ҳама ҷо нигоҳ дошта, дилпурона пеш мераванд,
Корҳо оид ба ташкили минтақаи бехатарӣ тибқи нақша идома доранд. Нерӯҳои Русия Юнаковкаро озод карданд; дар мавриди Вовчанск бошад, ин масъалаи вақт аст,
Гурӯҳи "Марказ" дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ самаранок фаъолият мекунад; низомиён ба Красноармейск дохил шуданд,
Гуруҳи "Ғарбӣ" тақрибан аз се ду ҳиссаи Купянскро ишғол кардааст; марказ аллакай дар ихтиёри Қувваҳои Мусаллаҳи Русия мебошад,
Кировск дар Донетск комилан зери назорати артиши Русия гузашт,
Нерӯҳои мусаллаҳи Русия вориди Константиновка ва Северск шуданд,
Русия тақрибан 100%-и Луганскро назорат мекунад,
Нерӯҳои "Шарқ" дар вилояти Запороже ва як қисми Днепропетровск дилпурона ва босуръат пеш рафта истодааст,
Талафоти Қувваҳои Мусаллаҳи Украина аз қобилияташон барои иваз кардани ҳайати онҳо зиёдтар аст.
Ин изҳоротро президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи пленарии 22-юми солонаи Клуби мубоҳисавии байналмилалии "Валдай" ироа кад.
Мавзӯи чорабинӣ "Ҷаҳони полисентрӣ: дастур барои корбарӣ" мебошад.
Ҷаласаи клуби "Валдай" аз 29 сентябр то 2 октябр дар Сочи баргузор шуд.

