https://sputnik.tj/20251007/jarayoni-safari-putin-tojikiston-sanadi-hamkori-imzo-1071815705.html
Дар ҷараёни сафари Путин ба Тоҷикистон чанд санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо мерасад
Дар ҷараёни сафари Путин ба Тоҷикистон чанд санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо мерасад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷаи кишвар дар бораи ҷузъиёти сафари раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон хабар дод
2025-10-07T14:41+0500
2025-10-07T14:41+0500
2025-10-07T14:41+0500
дар тоҷикистон
владимир путин
русия
душанбе
вух-и тоҷикистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1d/1049600755_165:313:2032:1363_1920x0_80_0_0_22d0261518487ccbcc5a4082e203e6fd.jpg
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ҷараёни сафари давлатии президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 8-9 октябр сурат мегирад, як қатор санадҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ ба имзо мерасад."Рӯзҳои 8-9 октябр, раисиҷумҳури Русия Владимир Владимирович Путин ба Тоҷикистон сафари давлатӣ анҷом медиҳад. Дар доираи ин сафар маросими гузоштани гулчанбар ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, мулоқоти як ба як ва густурда, ҳамчунин имзои як қатор санадҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ дар назар аст", — қайд кардааст ВУХ-и Тоҷикистон.Пас аз ин музокирот нишасти хабарии раҳбарони Тоҷикистону Русия баргузор мешавад.Моҳи сентябри соли равон, сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорьев зимни посух ба суоли хабаргузории ТАСС дар нишасти хабарӣ хабар дода буд, ки қарор аст дар ҷараёни сафари давлатии Путин ба Тоҷикистон созишномаи сармоягузорӣ дар бораи парки саноатӣ дар Душанбе, ки Тоҷикистону Русия ба таври муштарак таҳия кардаанд, ба имзо мерасонанд.Ба гуфтаи вай, ҷонибҳои Русия ва Тоҷикистон ҳамчунин доираи васеи масоил, аз ҷумла ҳамкориҳои иқтисодӣ ва башардӯстона ва вазъи минтақаро баррасӣ хоҳанд кард.Қаблан Путин дар паёми шодбошӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 34-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон аз рушди бомуваффақияти шарикӣ ва иттифоқии стратегии ду кишвар ёдовар шуда, ба густариши минбаъдаи равобити созанда изҳори боварӣ карда буд.Дар солҳои ахир бештари табодули коло Тоҷикистон бо кишварҳои Русия ва Чин доштааст. Мубодилоти мол миёни Тоҷикистону Русия аз моҳи январ то августи соли ҷорӣ беш аз 1,4 миллиард долларро ташкил дода, 13% афзоиш ёфтааст. То охири соли 2024 гардиши мол миёни ду кишвар тақрибан 1,9 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2023 15% зиёдтар аст.Дар моҳи март, дар пайи музокирот бо Раҳмон дар Кремл, Путин изҳор дошт, ки Маскав ва Душанбе талош доранд, то соли 2030 мизони табодули колоро 2,5 баробар афзоиш диҳанд.
https://sputnik.tj/20251005/putin-rahmon-zodruzash-muborakbod-1071762552.html
русия
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1d/1049600755_270:147:1891:1363_1920x0_80_0_0_9f3dd61d4d55dd0341feeabd7eeca1bb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, путин, русия, сафар, вух, раисҷумҳур, душанбе
тоҷикистон, путин, русия, сафар, вух, раисҷумҳур, душанбе
Дар ҷараёни сафари Путин ба Тоҷикистон чанд санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо мерасад
Вазорати умури хориҷаи кишвар дар бораи ҷузъиёти сафари раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ҷараёни сафари давлатии президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 8-9 октябр сурат мегирад, як қатор санадҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ ба имзо мерасад.
"Рӯзҳои 8-9 октябр, раисиҷумҳури Русия Владимир Владимирович Путин ба Тоҷикистон сафари давлатӣ анҷом медиҳад. Дар доираи ин сафар маросими гузоштани гулчанбар ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, мулоқоти як ба як ва густурда, ҳамчунин имзои як қатор санадҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ дар назар аст", — қайд кардааст ВУХ-и Тоҷикистон.
Пас аз ин музокирот нишасти хабарии раҳбарони Тоҷикистону Русия баргузор мешавад.
Моҳи сентябри соли равон, сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорьев зимни посух ба суоли хабаргузории ТАСС дар нишасти хабарӣ хабар дода буд, ки қарор аст дар ҷараёни сафари давлатии Путин ба Тоҷикистон созишномаи сармоягузорӣ дар бораи парки саноатӣ дар Душанбе, ки Тоҷикистону Русия ба таври муштарак таҳия кардаанд, ба имзо мерасонанд.
Ба гуфтаи вай, ҷонибҳои Русия ва Тоҷикистон ҳамчунин доираи васеи масоил, аз ҷумла ҳамкориҳои иқтисодӣ ва башардӯстона ва вазъи минтақаро баррасӣ хоҳанд кард.
Қаблан Путин дар паёми шодбошӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 34-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон аз рушди бомуваффақияти шарикӣ ва иттифоқии стратегии ду кишвар ёдовар шуда, ба густариши минбаъдаи равобити созанда изҳори боварӣ карда буд.
Дар солҳои ахир бештари табодули коло Тоҷикистон бо кишварҳои Русия ва Чин доштааст. Мубодилоти мол миёни Тоҷикистону Русия аз моҳи январ то августи соли ҷорӣ беш аз 1,4 миллиард долларро ташкил дода, 13% афзоиш ёфтааст. То охири соли 2024 гардиши мол миёни ду кишвар тақрибан 1,9 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2023 15% зиёдтар аст.
Дар моҳи март, дар пайи музокирот бо Раҳмон дар Кремл, Путин изҳор дошт, ки Маскав ва Душанбе талош доранд, то соли 2030 мизони табодули колоро 2,5 баробар афзоиш диҳанд.