Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Шумо соҳиби обрӯи баланд ҳастед

© Sputnik / Сергей Бобылев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон. Архивное фото
Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2025
Обуна шудан
Президенти Русия ба муносибати 73-юмин солгарди зодрӯзи раисиҷумҳури Тоҷикистон номаи шодбошӣ равон кардааст
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо зодрӯзаш муборакбод гуфт.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар додааст.
Путин дар номаи табрикотиаш, Эмомалӣ Раҳмонро тавсиф карда гуфтааст, ки "Шумо бо фаъолияти худ чун роҳбари давлат ба эҳтироми самимии ҳамватанон ва хориҷ аз кишвар ба обрӯи баланд ноил гардидаед".
"Роҳбарии Шумо Тоҷикистон дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ комёбиҳои назаррас ба даст оварда, пайваста мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам карда истодааст", - омадааст дар номаи шодбошӣ.
Президент аз тавсеаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байни Русияву Тоҷикистон ёдовар шуда, гуфтааст, ки саҳми шахсии Раҳмон дар ин кор бузург аст.
"Бовар дорам, ки муоширати дарпешистодаи мо дар Душанбе созанда ва босамар хоҳад буд, ба густариши минбаъдаи тамоми маҷмӯи робитаҳои барои Россияву Тоҷикистон судманд, ҳамчунин, таҳкими Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мусоидат хоҳад кард", - бовар дорад Путин.
Путин афзуд, ки албатта, кори фаъоли муштаракро оид ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ идома хоҳанд дод.
Встреча президента Владимира Путина с президентом Таджикистана Эмомали Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2025
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Бо чунин афрод суҳбат муфид аст: Путин Раҳмонро мусоҳиби хуб хонд
Дар баробари ин, ба унвони президенти Тоҷикистон аз номи дигар кишвардорони ҷаҳон номаҳои шодбошӣ ворид шудааст.
Президенти Тоҷикистонро бо зодрӯзаш, раисиҷумҳурони дигар кишварҳо аз ҷумла:
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин,
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев,
Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев,
Президенти Қирғизистон Садир Жапаров,
Президенти Сардор Бердимухамедов,
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев,
Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган,
Президенти Беларус Александр Лукашенко,
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян муборакбод гуфтаанд.
Дар баробари раисиҷумҳурон, кишвардори Тоҷикистонро раиси ҳукумати Русия Михаил Мишустин, президенти якуми Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, пешвои миллии мардуми туркман, раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов ва котиби генералии СҲШ Нурлан Ермекбаев муборакбод гуфтаанд.
Лентаи хабарҳо
0