Президент Владимир Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Президенти Русия Владимир Путин, рӯзҳои 8-10 октябр нахустин сафари давлатиро ба Тоҷикистон анҷом медиҳад

Шаҳрдории Душанбе ба сокинон: Аз 8-ум то 12-уми октябр дар роҳҳо камтар ҳаракат кунед

Вид Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2025
Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Душнбе таъкид кардааст, ки дар ин рӯзҳои дар пойтахт чорабиниҳои сиёсӣ баргузор мегарданд ва омадани меҳмонони зиёд дар назар аст
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе аз шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла сокинони пойтахтхоҳиш кардааст аз 8-ум то 12-уми октябри соли равон, дар роҳҳои протоколӣ ҳаракатро камтар кунанд.
Қайд карда шудааст, ки дар пойтахти кишвар чорабиниҳои сиёсӣ баргузор мегарданд ва омадани меҳмонони зиёд дар назар дошта шудааст.
“Аз ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт ва сокинону меҳмонони пойтахт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки рӯзҳои зикршуда ба ҳарчи камтар кардани ҳаракат дар роҳҳои протоколӣ, яъне хатсайри рафтуомади меҳмонон эътибор диҳанд”, - хоҳиш кардааст шаҳрдории Душанбе.
Ёдовар мешавем, ки 10 октябр дар Душанбе ҷаласаи сарони ИДМ баргузор мегардад, ки дар он қарорҳои муҳим дар бораи рушди ҳамкориҳои кишварҳои узв қабул карда мешавад.
Ҳамзамон, дар ин рӯзҳо мулоқоти сарони давлатҳо дар шакли "Осиёи Марказӣ – Русия" низ баргузор мешавад.
Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2025
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Шумо соҳиби обрӯи баланд ҳастед
Як рӯз қабл, 9 октябр, Президенти Русия Владимир Путин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд.
Ӯ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои рӯзмарраи дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ намуда, ҳамчунин дар анҷумани "Осиёи Марказӣ – Русия" ширкат мекунад.
Ҷаласаи охирини Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ 8 октябри соли 2024 дар шаҳри Москва баргузор шуда буд.
Аввалин анҷумани "Осиёи Марказӣ – Русия" соли 2022 дар шаҳри Остона баргузор гардида, марҳилаи муҳим дар густариши ҳамкориҳои минтақавӣ гардид.
Лентаи хабарҳо
0