https://sputnik.tj/20250930/saroni-hukumat-idm-nishasti-minsk-sanad-muhim-qabul-1071612612.html
Сарони ҳукуматҳои ИДМ дар нишасти Минск як қатор санадҳои муҳимро қабул карданд
Сарони ҳукуматҳои ИДМ дар нишасти Минск як қатор санадҳои муҳимро қабул карданд
Sputnik Тоҷикистон
Сарони ҳукуматҳои ИДМ дар бораи рушди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илму технология, иқтисодиёти рақамӣ ва истифодаи энергияи атомӣ ба тавофуқ расиданд
2025-09-30T10:41+0500
2025-09-30T10:41+0500
2025-09-30T10:41+0500
дар тоҷикистон
идм
сиёсат
иқтисод
минск
сарвазир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/1d/1071608143_0:71:3318:1937_1920x0_80_0_0_c322b3f41de141d0ef9848e3de64e7b7.jpg
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар шаҳри Минск ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар додааст.Дар ҷаласа ба ҷуз аз Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳамтоёни ӯ аз Русия Михаил Мишустин, Озарбойҷон Алӣ Асадов, Беларус Александр Турчин, Қазоқистон Олжас Бектенов, Қирғизистон Адилбек Қосималиев, Узбекистон Абдулло Арипов, Туркманистон Хоҷамират Гелдимырадов ва дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Леббиев ширкат доштанд.Ҷонибҳо 14 масъаларо баррасӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои иқтисодӣ табодули афкор намуданд.Ҳамчунин, ширкаткунандагони ҷаласа Стратегияи рушди илмию технологии ИДМ барои солҳои 2026-2035-ро тасдиқ карданд.Ҳадафи он таҳкими соҳибихтиёрии илмию техникӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ мебошад.Дар чорабинӣ инчунин як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим дар соҳаҳои гуногун тасдиқ карда шуданд аз ҷумла:Ҷонибҳо ҳамчунин доираи васеи масъалаҳои марбут ба маблағгузории таъсис ва рушди системаи ягонаи падофанди ҳавоӣ барои кишварҳои ИДМ-ро баррасӣ карданд.Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи қаблии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ моҳи июн дар Душанбе баргузор шуда буд. Баргузории чунин чорабинии навбатӣ дар нимаи аввали соли 2026 дар Туркманистон дар назар аст.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/45356
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/44480
минск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/1d/1071608143_287:0:3018:2048_1920x0_80_0_0_133e25ebdd6125050ba9d765b52c21d1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
идм, минск, тоҷикистон, сиёсат, иқтисод, санад, технология, сарвазир
идм, минск, тоҷикистон, сиёсат, иқтисод, санад, технология, сарвазир
Сарони ҳукуматҳои ИДМ дар нишасти Минск як қатор санадҳои муҳимро қабул карданд
Сарони ҳукуматҳои ИДМ дар бораи рушди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илму технология, иқтисодиёти рақамӣ ва истифодаи энергияи атомӣ ба тавофуқ расиданд
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар шаҳри Минск ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар додааст.
Дар ҷаласа ба ҷуз аз Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳамтоёни ӯ аз Русия Михаил Мишустин, Озарбойҷон Алӣ Асадов, Беларус Александр Турчин, Қазоқистон Олжас Бектенов, Қирғизистон Адилбек Қосималиев, Узбекистон Абдулло Арипов, Туркманистон Хоҷамират Гелдимырадов ва дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Леббиев ширкат доштанд.
Ҷонибҳо 14 масъаларо баррасӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои иқтисодӣ табодули афкор намуданд.
Ҳамчунин, ширкаткунандагони ҷаласа Стратегияи рушди илмию технологии ИДМ барои солҳои 2026-2035-ро тасдиқ карданд.
Ҳадафи он таҳкими соҳибихтиёрии илмию техникӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ мебошад.
Дар чорабинӣ инчунин як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим дар соҳаҳои гуногун тасдиқ карда шуданд аз ҷумла:
Стратегияи рақамисозии долонҳои асосии нақлиётии мултимодалӣ.
Стратегияи рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамӣ то соли 2035.
Консепсияи нархгузорӣ дар сохтмон.
Нақшаи чорабиниҳо дар бораи татбиқи марҳилаи дуюми Стратегияи рушди иқтисодӣ то соли 2030.
Созишнома оид ба ҳамкорӣ барои пешгирии рушди ҳашароти зараррасони малах.
Нақшаи чорабиниҳо дар бораи омодагӣ ва татбиқи Соли тандурустӣ дар Иттиҳод дар соли 2026.
Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи дуюми барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи осоиштаи нерӯи ҳастаӣ (солҳои 2026-2030).
Самтҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва саноати ҷангал то соли 2035.
Ҷонибҳо ҳамчунин доираи васеи масъалаҳои марбут ба маблағгузории таъсис ва рушди системаи ягонаи падофанди ҳавоӣ барои кишварҳои ИДМ-ро баррасӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи қаблии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ моҳи июн дар Душанбе баргузор шуда буд. Баргузории чунин чорабинии навбатӣ дар нимаи аввали соли 2026 дар Туркманистон дар назар аст.