Президент Владимир Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Президенти Русия Владимир Путин, рӯзҳои 8-10 октябр нахустин сафари давлатиро ба Тоҷикистон анҷом медиҳад

Бо чунин афрод суҳбат муфид аст: Путин Раҳмонро мусоҳиби хуб хонд

© Sputnik / Кристина Кормилицына / Гузариш ба медиабонкВстреча президента Владимира Путина с президентом Таджикистана Эмомали Рахмоном
Встреча президента Владимира Путина с президентом Таджикистана Эмомали Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2025
Обуна шудан
Президенти Русия зимни суханронӣ дар ҳамоиши "Валдай" дар бораи мусоҳибони хуб нақл кард ва раисҷумҳури Тоҷикистонро мисол овард
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин гуфт, бо чунин афрод мисоли Эмомалӣ Раҳмон, ки автомат ба даст вориди Душанбе шуда буд, суҳбат муфиду ҷолиб аст.
Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки дар қаламрави пасошӯравӣ мусоҳибони ҷолиб зиёданд.
"Барои мисол ҷаноби Раҳмон. Баъди ғасби қудрат аз сӯи исломгароҳои радикалӣ, раисҷумҳури феълии Тоҷикистон ба пойтахти кишвари худ - Душанбе бо силоҳ ба даст ворид шуд", - изҳор дошт Путин.
Вай афзуд, ки айни ҳол Эмомалӣ Раҳмон вазъиятро дар кишвар сохтусоз кардааст, ки он ҳам сода нест.

"Суҳбат бо чунин афрод муфид аст", - таъкид намуд, президенти Русия.

Кишвардори Русия ҳамчунин дар ҳамоиши "Валдай" аз сафари қарибулвуқӯъяш ба Тоҷикистон ва мулоқоташ бо Раҳмон хабар дод.
Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки нақшаи сафар ба Тоҷикистонро дорад, ки дар онҷо нишасти ИДМ ва ғайра баргузор мешавад.
Государственные флаги Таджикистана и России. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2025
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Сафир: Тоҷикистон яке аз шарикони наздиктарини Русия боқӣ мемонад
Владимир Путин рӯзи 9 октябр бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд.
Дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон раҳбари Русия дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Саммити "Русия-Осиёи Марказӣ" ширкат хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0