Президент Владимир Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Президенти Русия Владимир Путин, рӯзҳои 8-10 октябр нахустин сафари давлатиро ба Тоҷикистон анҷом медиҳад

Кишвардорони Русия ва Тоҷикистон дурнамои равобити ду кишварро баррасӣ карданд

© Sputnik / Сергей Бобылев / Фотохост-агентство brics-russia2024.ru / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон. Архивное фото
Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2025
Обуна шудан
Ҷонибҳо қайд карданд, ки ҳамкориҳои Маскаву Душанбе бар асоси принсипҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ асос ёфтааст
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафтаи равон дувумин гуфтугӯи телефонии худро анҷом доданд.
Дар ин бора, дафтари матбуоти раҳбари Тоҷикистон хабар додааст.
Зимнан зикр гардид, ки ин сӯҳбат ба ифтихори зодрӯзи раҳбари Тоҷикистон сурат гирифтааст, ки раисиҷумҳури Русия қаблан бо як барқия аз он ёдовар шуда буд.
Дар ин номаи шодбошӣ, Путин ба Раҳмон орзуҳои нек кардааст. Президенти Тоҷикистон дар навбати худ аз чунин суханони нек изҳори миннатдорӣ намуд.
Кишвардорон ҳамчунин дурнамои равобити байнидавлатии ду кишварро баррасӣ карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотӣ.
Таъкид шуд, ки ҳамкориҳои Маскаву Душанбе бар пояи принсипҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ асос ёфтааст.
Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2025
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Шумо соҳиби обрӯи баланд ҳастед
Президентҳо ҳамчунин доир ба ҷадвали мулоқоти дарпешистода ва дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн табодули афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Путин ва Раҳмон ҳафтаи равон аллакай телефонӣ гуфтугӯ карда буданд.
Зимни сӯҳбати қаблии худ онҳо ҳамчунин рушди муносибатҳои байнидавлатиро баррасӣ карданд.
Владимир Путин рӯзи 9 октябр бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд.Дар ин рӯзҳо дар Душанбе нишасти сарони кишварҳои ИДМ баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0