https://sputnik.tj/20251004/taghyiryobi-iqlim-iqtisodiyot-tojikiston-1071738345.html
Вазир: Таъсири тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёти Тоҷикистон нигаронкунанда аст
Вазир: Таъсири тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёти Тоҷикистон нигаронкунанда аст
Sputnik Тоҷикистон
Дар ин бора, вазири энержии Тоҷикистон дар нахустин ҷаласаи сатҳи баланди Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Лигаи кишварҳои араб (ЛКА), гуфт
2025-10-04T15:49+0500
2025-10-04T15:49+0500
2025-10-04T20:21+0500
энергетика
далер ҷумъа
тағйирёбӣ
гармшавии иқлим
сҳш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/03/1071735983_180:68:1099:585_1920x0_80_0_0_d1fccd3ff3ab19f143e1514557e7a79e.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҷаласаи СҲШ ва ЛКА таҳти унвони "Тағйирёбии иқлим ва энергетикаи устувор", ки дар доираи Kazakhstan Energy Week – 2025 баргузор шуд, аз таъсири тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёти Тоҷикистон гуфт.Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати энержии Тоҷикистон гузориш медиҳад.Вазир гуфт, Тоҷикистон ба панҷгонаи давлатҳои бештар осебпазир аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим дохил мегардад.Вазир таъкид карда, ки ҳаҷми зиёди об дар обамборҳои неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон аз ҳисоби пиряхҳо захира мегардад, ки мутаассифона, бо суръати шадид об мешаванд. Тибқи баҳодиҳии коршиносон, пиряхҳои Тоҷикистон дар асри XX тақрибан 30%-и ҳаҷми худро аз даст додаанд.Дар кори ҷаласа, ҳамчунин, муовини дабири кулли СҲШ Аҳмад Саидмуродзода, мудири ЛКА оид ба муҳити зист Маҳмуд Фатҳаллоҳ ва дабири кулли Маҷлиси ҳамкорӣ ва чораҳои эътимод дар Осиё Кайрат Сарибай ширкат кардаанд.Иштирокчиён равишҳои умумӣ дар сиёсати иқлимӣ, роҳандозии табодули технологияҳо барои гузариши "сабз" ва таъмини амнияти энергетикиро баррасӣ карданд.Таваҷҷуҳи махсус ба маблағгузории лоиҳаҳои иқлим, бунёди инфрасохтори муосири энергетикӣ ва татбиқи технологияҳои пешқадам – аз истихроҷи карбон то рушди энергетикаи гидроген дода шудааст. Ҳамзамон, дар ҷаласа доир ба омодагӣ ба Саммити минтақавии муҳити зист, ки моҳи апрели соли 2026 дар Остона баргузор мешавад, табодули афкор сурат гирифтааст.
https://sputnik.tj/20251003/tojikiston-hadaf-maqom-sabz-energetika-1071723522.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/03/1071735983_226:4:1054:625_1920x0_80_0_0_76fed143e2d1f862f8222a11b1561382.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тағйирёбии иқлим, иқтисодиёт, тоҷикистон
тағйирёбии иқлим, иқтисодиёт, тоҷикистон
Вазир: Таъсири тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёти Тоҷикистон нигаронкунанда аст
15:49 04.10.2025 (Навсозишуда: 20:21 04.10.2025) Дар ин бора, вазири энержии Тоҷикистон дар нахустин ҷаласаи сатҳи баланди Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Лигаи кишварҳои араб (ЛКА), гуфт
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҷаласаи СҲШ ва ЛКА таҳти унвони "Тағйирёбии иқлим ва энергетикаи устувор", ки дар доираи Kazakhstan Energy Week – 2025 баргузор шуд, аз таъсири тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёти Тоҷикистон гуфт.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати энержии Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Вазир гуфт, Тоҷикистон ба панҷгонаи давлатҳои бештар осебпазир аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим дохил мегардад.
"Мо хуб дарк мекунем, ки хавфи афзояндаи тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисодиёти мо нигаронкунанда аст. Ҳаҷми умумии партоби газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ камтар аз 0,003% дар як солро ташкил медиҳад, аммо бо вуҷуди ин кишвари мо ба панҷгонаи давлатҳои бештар осебпазир аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим дохил мегардад", - гуфт Далер Ҷумъа.
Вазир таъкид карда, ки ҳаҷми зиёди об дар обамборҳои неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон аз ҳисоби пиряхҳо захира мегардад, ки мутаассифона, бо суръати шадид об мешаванд.
Тибқи баҳодиҳии коршиносон, пиряхҳои Тоҷикистон дар асри XX тақрибан 30%-и ҳаҷми худро аз даст додаанд.
"Боварӣ дорам, ки ҷаласаи имрӯза ба як минбари муассир барои мубодилаи озодонаи таҷриба, таҳкими ҳамкорӣ ва муҳимтар аз ҳама, барои таҳияи қарорҳои мушаххаси муштарак табдил хоҳад ёфт. Қарорҳое, ки ба таъмини ояндаи устувор ва боэътимоди энергетикӣ барои кишварҳои мо ва наслҳои оянда равона мегарданд", - иброз дошт вазир.
Дар кори ҷаласа, ҳамчунин, муовини дабири кулли СҲШ Аҳмад Саидмуродзода, мудири ЛКА оид ба муҳити зист Маҳмуд Фатҳаллоҳ ва дабири кулли Маҷлиси ҳамкорӣ ва чораҳои эътимод дар Осиё Кайрат Сарибай ширкат кардаанд.
Иштирокчиён равишҳои умумӣ дар сиёсати иқлимӣ, роҳандозии табодули технологияҳо барои гузариши "сабз" ва таъмини амнияти энергетикиро баррасӣ карданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба маблағгузории лоиҳаҳои иқлим, бунёди инфрасохтори муосири энергетикӣ ва татбиқи технологияҳои пешқадам – аз истихроҷи карбон то рушди энергетикаи гидроген дода шудааст.
Ҳамзамон, дар ҷаласа доир ба омодагӣ ба Саммити минтақавии муҳити зист, ки моҳи апрели соли 2026 дар Остона баргузор мешавад, табодули афкор сурат гирифтааст.