Таъини сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон: Ӯ кист

© AP / Rebecca BlackwellГоран Стеванович. Архивное фото
Горан Стеванович. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2025
Обуна шудан
Ин дар ҳолест, ки пештар ФФТ шартномаҳои кор бо сармурабиёни тими миллӣ ва олимпиро ба далели ғайриқаноатбахш будани натиҷаҳои дастаҳо бекор кард
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Мутаххассиси 58-солаи сербӣ Горан Стеванович сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон таъин шуд.
Дар ин бора, Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ҳамакнун дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба бозиҳои боқимондаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ҳайати нави мураббиён омода мекунад.

Корномаи Горан Стеванович

Гуфта мешавад, ки Горан Стеванович пеш тими миллии Ганаро дар солҳои гуногун роҳбарӣ карда, бо ин даста дар Ҷоми миллатҳои Африқо иштирок кардааст.
Ҳамчунин мутахассис дар дастаи то 21-солаи Сербия низ фаъолият доштааст.
Стеванович дар Ҷоми ҷаҳон-2006 ба ҳайси ёвари мураббии тими миллии Сербия баромад кардааст.
Дар сатҳи бошгоҳӣ бошад, Стеванович дастаҳои Сербия, Юнон ва Чинро роҳбарӣ кардааст.
Ба ситоди Горан Стеванович ду ҳамватанаш шомил хоҳад шуд.
Радмило Азаниятс, ки қаблан дар бошгоҳҳои Қазоқистон (Тараз ва Атирау) кор кардааст, ёвари ӯ хоҳад буд.
Мубин Эргашев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2025
"Ба Лигаи олӣ роҳ ёфтан душвор аст": мусоҳиба бо сармураббии нави "Саразм" Мубин Эргашев
Милан Павлович, ки корномаи мураббигиаш дар бошгоҳҳои Сербистон, Чин ва Юнон идома ёфтааст, ёвари дуюми Стеванович мешавад.
Ҳамчунин Алифбек Беромов, сармураббии дастаи "Барқчӣ" низ ба Стеванович ёрӣ мерасонад. Алишер Тӯйчиев дар тими миллии Тоҷикистон ба ҳайси мураббии дарвозабонҳо фаъолиятро идома медиҳад.

Сармураббии пешини тими миллӣ уҳда накард?

Ин дар ҳолест, ки пештар ФФТ шартномаҳои кор бо сармурабиёни тими миллӣ ва олимпиро ба далели ғайриқаноатбахш будани натиҷаҳои дастаҳо бекор кард.
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон қарордод бо сармураббии тими миллӣ Гела Шекиладзе пеш аз муҳлат бекор кард.
Шартнома пас аз баромади ғайриқаноатбахши даста дар мусобиқаи "CAFA Nations Cup 2025", ки тими мо дар майдони худ натавонист аз гурӯҳ барояд, бо Гела Шекиладзе қатъ карда шуд.
Ҳамчунин, пас аз баромади бебарори мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки шартномаро бо Леван Хомерики тамдид накунад.
Сармурабиёни собиқи тими миллӣ ва олимпии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2025
Сармураббиёни тими миллӣ ва олимпии Тоҷикистон аз кор озод шуданд: ФФТ сабабро гуфт
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи "CAFA Nations Cup 2025" дар гурӯҳи "В" бозиро бо тими миллии Эрон мусовӣ кард. Мутаасифона, натиҷаи мусовӣ кофӣ набуд то тими миллии Тоҷикистон аз гурӯҳ ба даври баъдӣ роҳ ёбад.
Ҳамчунин, мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз тими Сурия бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Ҳамин тариқ футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё - 2026 роҳ наёфт.
Лентаи хабарҳо
0