https://sputnik.tj/20250910/fft-sarmurabiyon-timi-milli-olimpi-ozod-1071046231.html
Сармураббиёни тими миллӣ ва олимпии Тоҷикистон аз кор озод шуданд: ФФТ сабабро гуфт
Сармураббиёни тими миллӣ ва олимпии Тоҷикистон аз кор озод шуданд: ФФТ сабабро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки қарордодро бо сармураббии тими миллӣ Гела Шекиладзе пеш аз муҳлат бекор кунад.
2025-09-10T16:43+0500
2025-09-10T16:43+0500
2025-09-10T16:53+0500
ффт
дар тоҷикистон
федератсияи футбол
футбол
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0a/1071046055_37:6:1233:679_1920x0_80_0_0_9fa45f53ce4964b46cd1ec769c5b55e3.jpg
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон қарордод бо сармураббии тими миллӣ Гела Шекиладзе пеш аз муҳлат бекор кард.Дар ин бора, дафтари матбуотии Федартсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки шартнома пас аз баромади ғайриқаноатбахши даста дар мусобиқаи "CAFA Nations Cup 2025", ки тими мо дар майдони худ натавонист аз гурӯҳ барояд, бо Гела Шекиладзе қатъ карда шуд.Ҳамчунин, пас аз баромади бебарори мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки шартномаро бо Леван Хомерики тамдид накунад.Таъкид мешавад, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба бозиҳои боқимондаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ҳайати нави мураббиён омода мекунад.Манбаъ афзуда, ки ҳайати нави мураббиён аз ҷониби роҳбарияти ФФТ дар ояндаи наздик эълон мешавад.Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи "CAFA Nations Cup 2025" дар гурӯҳи "В" бозиро бо тими миллии Эрон мусовӣ кард. Мутаасифона, натиҷаи мусовӣ кофӣ набуд то тими миллии Тоҷикистон аз гурӯҳ ба даври баъдӣ роҳ ёбад.Ҳамчунин, мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз тими Сурия бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Ҳамин тариқ футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё - 2026 роҳ наёфт.
https://sputnik.tj/20250717/musohiba-sarmurabbi-nav-sarazm-mubin-ergashev-1069087758.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0a/1071046055_155:0:1188:774_1920x0_80_0_0_9cc9541d1478f52428eb5ddfab8a90d3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ффт, сармурабӣ, тими миллӣ ва олимпӣ,
ффт, сармурабӣ, тими миллӣ ва олимпӣ,
Сармураббиёни тими миллӣ ва олимпии Тоҷикистон аз кор озод шуданд: ФФТ сабабро гуфт
16:43 10.09.2025 (Навсозишуда: 16:53 10.09.2025) Шартномаҳои кор бо сармурабиёни тими миллӣ ва олимпӣ ба далели ғайриқаноатбахш будани натиҷаҳои дастаҳо бекор карда шудааст
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон қарордод бо сармураббии тими миллӣ Гела Шекиладзе пеш аз муҳлат бекор кард.
Дар ин бора, дафтари матбуотии Федартсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки шартнома пас аз баромади ғайриқаноатбахши даста дар мусобиқаи "CAFA Nations Cup 2025", ки тими мо дар майдони худ натавонист аз гурӯҳ барояд, бо Гела Шекиладзе қатъ карда шуд.
Ҳамчунин, пас аз баромади бебарори мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки шартномаро бо Леван Хомерики тамдид накунад.
Таъкид мешавад, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба бозиҳои боқимондаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ҳайати нави мураббиён омода мекунад.
Манбаъ афзуда, ки ҳайати нави мураббиён аз ҷониби роҳбарияти ФФТ дар ояндаи наздик эълон мешавад.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи "CAFA Nations Cup 2025" дар гурӯҳи "В" бозиро бо тими миллии Эрон мусовӣ кард. Мутаасифона, натиҷаи мусовӣ кофӣ набуд то тими миллии Тоҷикистон аз гурӯҳ ба даври баъдӣ роҳ ёбад.
Ҳамчунин, мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз тими Сурия бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Ҳамин тариқ футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё - 2026 роҳ наёфт.