Шералӣ Кабир бо намояндаи "Росатом" истифодаи технологияҳои ядроиро баррасӣ кард

© Foto / Министерство промышленности и новых технологий республики ТаджикистанВстреча министра промышленности и новых технологий Республики Таджикистан с заместителем генерального директора "Росатом"
Встреча министра промышленности и новых технологий Республики Таджикистан с заместителем генерального директора Росатом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2025
Обуна шудан
Русияву Тоҷикистон дар самти солимгардонии ҳудудҳои аз истеҳсолоти уран зарардида ва истифодаи сулҳҷӯёнаи технологияҳои ядроӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо муовини мудири кулли Корпоратсияи давлатии “Росатом”-и Русия Николай Спасскийро мулоқот кардааст.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати саноати Тоҷикистон гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар асоси мувофиқаҳои ҳосилшуда миёни кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Русия Владимир Путин баррасӣ намудаанд.
"Ҷонибҳо идомаи ҳамкориро дар самти солимгардонии ҳудудҳои аз истеҳсолоти уран зарардида, истифодаи сулҳҷӯёнаи технологияҳои ядроӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаи тандурустӣ мавриди муҳокима қарор доданд", - омадааст дар хабарнома.
Рекультивация объектов промышленной площадки Табошар  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2025
Хокпушкӯнии партовгоҳи радиоактивии “Деҳмой” кай оғоз мешавад? – шарҳи масъулин
Ёдрас мешавем, ки ширкати "Росатом" барои безараргардонии иншоотҳои ураниуми Тоҷикистон пажӯҳишҳои радиатсионӣ оғоз кардааст.

Ин корхона ният дорад мавзеи Табошар дар Истиқлол ва партовгоҳ дар деҳаи Адрасмонро поксозӣ намояд.

Мутахассисон аллакай тадқиқоти муҳандисию радиатсионӣ гузаронда, санадҳои лоиҳавиро омода доранд.
Лентаи хабарҳо
0