https://sputnik.tj/20250728/khokpushkuni-partovgoh-radioaktivi-dehmoy-1069524629.html
Хокпушкӯнии партовгоҳи радиоактивии “Деҳмой” кай оғоз мешавад? – шарҳи масъулин
Хокпушкӯнии партовгоҳи радиоактивии “Деҳмой” кай оғоз мешавад? – шарҳи масъулин
Sputnik Тоҷикистон
Безараргардонии партовгоҳи радиоактивии “Деҳмой” дар вилояти Суғд дар соли 2026 бо кумаки ширкати "Росатом" оғоз хоҳад ёфт
2025-07-28T16:33+0500
2025-07-28T16:33+0500
2025-07-28T17:27+0500
дар тоҷикистон
росатом
суғд
бобоҷон ғафуров
партовгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/1c/1069527689_0:286:957:824_1920x0_80_0_0_bfbe60a371e8c92a683182990db5ff17.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Корҳои безараргардонии партовгоҳи радиоактивии “Деҳмой” (қабристонҳои уран) дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ширкати "Росатом" ба иҷро хоҳад расонд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ масъулини ҳукумати шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд.Фарҳод Қосимов, муовини КВД “Фузулоти нодири Тоҷикистон” (собиқ Востокредмет) гуфт, зимнан бозбинии лоиҳа миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва корпортасияи Росатоми Русия идома дорад.Партовгоҳи радиоактивии “Деҳмой” воқеъ дар ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар майдони ҳудуди 90 гектор мавҷуд аст. Он замони коркарди маводи уран дар собиқ корхонаи "Востокредмет", ҳоло "Фулузоти нодири Тоҷикистон"-и шаҳри Бӯстон дар тӯли солҳои 1944 - 1965 ба вуҷуд омадааст. Ба мисли он чунин партовгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва шаҳри Истиқлол ҷойгир шудаанд.Ёдовар мешавем, ки тирамоҳи соли 2023 дар Истиқлол тарҳи хокпӯшкунии партовгоҳ дармавзеи Табошар, яке аз бузургтарин конҳои урани Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷониби ширкати Росатом ба анҷом расонида шуд.Чанде қабл, Қайюм Маҳмудзода, раиси шаҳри Истиқлол зимни баргузории нишасти матбуотӣ гуфта буд, корҳои безараргардонӣ дар партовгоҳи № 3 ин шаҳр низ шурӯъ мешавад.
https://sputnik.tj/20240717/rusiya-osiyoi-markaziro-radiatsiya-poksozi-1063558342.html
суғд
бобоҷон ғафуров
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/1c/1069527689_0:281:957:999_1920x0_80_0_0_cac09f48da92eda14115c7bf7849d73e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, деҳмой, партовгоҳ, радиатсия, росатом
тоҷикистон, суғд, деҳмой, партовгоҳ, радиатсия, росатом
Хокпушкӯнии партовгоҳи радиоактивии “Деҳмой” кай оғоз мешавад? – шарҳи масъулин
16:33 28.07.2025 (Навсозишуда: 17:27 28.07.2025) Эксклюзив
Безараргардонии партовгоҳи радиоактивии “Деҳмой” дар вилояти Суғд дар соли 2026 бо кумаки ширкати "Росатом" оғоз хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Корҳои безараргардонии партовгоҳи радиоактивии “Деҳмой” (қабристонҳои уран) дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ширкати "Росатом" ба иҷро хоҳад расонд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ масъулини ҳукумати шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд.
Фарҳод Қосимов, муовини КВД “Фузулоти нодири Тоҷикистон” (собиқ Востокредмет) гуфт, зимнан бозбинии лоиҳа миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва корпортасияи Росатоми Русия идома дорад.
“Тибқи дастури ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҳам ҳукумати вилояти Суғд оиди безараргардонии партовгоҳҳои радиоактивӣ корбарӣ идома дорад. Баъди пурра таҷдиди назар шудани лоиҳа, аз ҷониби вазорати саноати кишвар ва ширкати Росатом, корҳои хокпушкунӣ соли 2026 оғоз хоҳад шуд” – гуфт, Қосимов.
Партовгоҳи радиоактивии “Деҳмой” воқеъ дар ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар майдони ҳудуди 90 гектор мавҷуд аст. Он замони коркарди маводи уран дар собиқ корхонаи "Востокредмет", ҳоло "Фулузоти нодири Тоҷикистон"-и шаҳри Бӯстон дар тӯли солҳои 1944 - 1965 ба вуҷуд омадааст. Ба мисли он чунин партовгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва шаҳри Истиқлол ҷойгир шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки тирамоҳи соли 2023 дар Истиқлол тарҳи хокпӯшкунии партовгоҳ дармавзеи Табошар, яке аз бузургтарин конҳои урани Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷониби ширкати Росатом ба анҷом расонида шуд.
Чанде қабл, Қайюм Маҳмудзода, раиси шаҳри Истиқлол зимни баргузории нишасти матбуотӣ гуфта буд, корҳои безараргардонӣ дар партовгоҳи № 3 ин шаҳр низ шурӯъ мешавад.