"Чунин шахс нест" – шарҳи мақомоти Тоҷикистон дар бораи фармондеҳи ДОИШ*

© AP / Dar YasinВоенный патруль. Иллюстративное фото
Военный патруль. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2025
Обуна шудан
Эксклюзив
Қаблан расонаҳои покистонӣ гузориш доданд, ки Муҳаммад Эҳсонӣ, аз фармондеҳони барҷастаи ДОИШ-и Хуросон, бо лақаби "Анвар", дар шаҳри Мазори Шариф аз сӯи афроди ношинос кушта шудааст
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Манобеъ дар мақомоти Тоҷикистон хабари расонаҳои покистонӣ дар бораи як раҳбари тоҷикистонии ДОИШ-и Хуросонро такзиб мекунанд
Ин расонаҳо қаблан хабар дода буданд, ки дар Афғонистон як “раҳбари барҷаста” – и ДОИШ-и Хуросон аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шудааст.
Манобеъ дар мақомоти қудратии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки чунин як шахс ва бо чунин мушаххасот дар феҳристи афроди мавриди ҷустуҷӯ ба иттиҳоми ширкат дар созмонҳои мамнуъи экстремистӣ ва террористӣ пайдо нашуд.
"Тамоми афроде, ки дар сафи созмонҳои террористӣ вуҷуд доранд, барои мақомот маълум ҳастанд ва маълумоти кофӣ дар бораашон дар ихтиёри мо ҳаст. Аз рӯи аксе, ки нашр шудааст, мешавад шахсияти ин шахс маълум карда шавад, аммо чунин нафар бо шаҳрвандии Тоҷикистон маълум карда нашуд”, - гуфт яке аз манобеъ.
Дар ҳамин ҳол, манбаъи Sputnik Тоҷикистон аз ҷумлаи мақомоти амниятии Толибон** дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон низ ин хабарро такзиб кард.
"Аслан чунин иттифоқе ба ҳамин қарибӣ дар шаҳри Мазори Шариф наафтодааст. Расонаҳои покистонӣ хабари ҷаълиро нашр кардаанд, аммо ба чӣ ҳадаф, ба мо маълум нест”, - гуфт манбаъ.
Қаблан расонаҳои покистонӣ гузориш доданд, ки Муҳаммад Эҳсонӣ, аз фармондеҳони барҷастаи ДОИШ-и Хуросон, ки бо лақаби "Анвар" низ шинохта мешуд, дар шаҳри Мазори Шариф аз сӯи афроди ношинос кушта шудааст.
Генеральная прокуратура Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2025
"Ҳастанд ё на?" – шарҳи Додситонии кулл дар бораи сарони созмонҳои террористӣ
Ин расонаҳо ба нақли қавл аз манобеъи амниятии Покистон хабар доданд, ки "Анвар” шаҳрванди Тоҷикистон буда, дар интиқол ва омӯзиши бомбагузорони интиҳорӣ барои анҷоми амалиёт дар Покистон нақши калидӣ дошт.
Мақомоти покистонӣ мавсуфро тарроҳи аслии ҳамлаи соли 2022 ба масҷиди кӯчаи Рисолдори шаҳри Пешовари Покистон, ки 67 намозгузорро кушта ба ҷой гузошт, муаррифӣ кардаанд.
*Созмонҳои терррористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
**Созмон барои аъмоли террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад
Лентаи хабарҳо
0