Расулзода: Тоҷикистон ва Беларусро риштаҳои дӯстии дерина бо ҳам мепайванданд

© Sputnik / POOL / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода на заседании Совета глав правительств СНГ в Минске.
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода на заседании Совета глав правительств СНГ в Минске.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2025
Обуна шудан
Дар шаҳри Мински Беларус ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Тоҷикистон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 30сен — Sputnik. Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода дар доираи сафари худ ба шаҳри Минск дар Намоишгоҳи байналмилалии "ИННОПРОМ-Беларус-2025" иштирок ва суханронӣ намудааст.
Вай зимни суханронии худ таъкид кард, ки Тоҷикистону Белорус дар соҳаҳои гуногун ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ мондаанд.
“Тоҷикистон ва Беларусро риштаҳои дӯстии дерина бо ҳам мепайванданд, ки бар пояи эҳтирому эътимоди ҳамдигарӣ асос ёфтаанд. Ҳоло кишварҳо дар соҳаҳои гуногун ҳамкории густурда ба роҳ мондаанд, ки саноат дар он мавқеи калидӣ дорад”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки ҳоло дар Тоҷикистон барои рушди соҳаи саноат шароити хуб фароҳам оварда шудааст ва ҳоло ба ҷалби сармоя ба соҳаҳои технологӣ ва навсозии иқтидори истеҳсолӣ таваҷҷуҳи махсус равона гардидааст.
"Мо барои беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ пайваста ислоҳот мегузаронем, ки амалӣ намудани хизматрасонии электронӣ барои сармоягузорон, кам кардани раванди ҳуҷҷатгузорӣ ва таъмини шаффофият аз ин ҷумла аст", — гуфт Қоҳир Расулзода.
Сарвазири кишвар қайд кард, ки Тоҷикистон ба ояндаи ҳамкорӣ бо Беларус, махсусан, дар самти табодули технология, бунёди корхонаҳои муштарак, татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои логистика, нақлиёт ва савдои наздисарҳадӣ хушбин аст.
Заседание Совета глав правительств СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2025
Сарони ҳукуматҳои ИДМ дар нишасти Минск як қатор санадҳои муҳимро қабул карданд
Сарвазир аз имтиёзҳои андозию гумрукӣ, ки 110 номгӯйро дар бар мегиранд ва шароити мусоиди кор дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ сармоягузоронро барои татбиқи лоиҳаю барномаҳои нав дар Тоҷикистон даъват намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок намуд.
Дар ҷаласа доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории иқтисодии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули афкор анҷом дода шуда, масъалаҳои соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ, гумрук, илму маориф, сайёҳӣ, фарҳанг ва тандурустӣ баррасӣ гардиданд.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа санадҳои ниҳоӣ, аз ҷумла стратегияҳо оид ба рушди илмию технологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2026-2035, рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва иқтисоди рақамӣ то соли 2035 ва рақамикунонии долонҳои асосии бисёрмодалии нақлиётии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасдиқ гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0