Афзоиши истеҳсоли тухм дар Тоҷикистон

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонКуриные яйца
Куриные яйца - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2025
Обуна шудан
Ба иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ шумораи умумии корхонаҳои парандапарварӣ 228 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 10 адад зиёд мебошад
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Аз моҳи январ то августи соли 2025 914,2 млн дона тухм истеҳсол карда шудааст.
Ин нишондод нисбат ба соли 2024, 19,5% зиёд мебошад, хабар медиҳад Оҷонсии омори Тоҷикистон.
Ба иттилои Оҷонсӣ, истеҳсоли тухм дар хоҷагиҳои вилояти:
Суғд 29,7%,
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2,5%,
вилояти Хатлон 0,1%,
НТМ 2,5 % зиёд намудаанд.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ шумораи умумии корхонаҳои парандапарварӣ 228 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 10 адад зиёд мебошад.
Аз шумораи умумии корхонаҳои мавҷуда 102 адад ба истеҳсоли тухми истеъмолӣ, 112 адад ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8 адад ба истеҳсоли тухму гӯшти паранда ва 6 адад ба истеҳсоли тухми инкубатсионию чӯҷаи якрӯза машғул мебошанд.
Рынок Мехргон в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2025
Дар Тоҷикистон нархи орд арзону қиммати гӯшт боло рафт
Тибқи маълумоти оморӣ, то моҳи августи моли 2025 дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 12 млн 601 ҳазору 955 сар паранда парвариш ёфта, 669 234 дона тухм ва 19 681 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст.
Яъне, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 саршумори паранда 668 ҳазору 585 сар, истеҳсоли тухм 126 201 ҳазор дона ва гӯшти паранда 495 тонна зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0