Раҷаб Аҳмадзода аз мактаби русӣ-тоҷикии ба номи Чехов дар Хуҷанд боздид кард

© Foto / Пресс-служба администрации Согдийской областиРоссийско-таджикская школа им.А.Чехова в Худжанде
Российско-таджикская школа им.А.Чехова в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2025
Обуна шудан
Аҳмадзода бо раванди таълим дар мактаб шинос шуда, аз синфхонаҳо ва парки технологии Кванториум дидан намуда, инчунин бо хонандагон суҳбат кард
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз мактаби русӣ-тоҷикии ба номи А.П.Чехов дар шаҳри Хуҷанд дидан кард.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиси вилоят гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни боздид Аҳмадзода бо раванди таълим дар мактаб шинос шуд, аз синфхонаҳо, ҳавзи шиноварӣ, ошхона, китобхона, парки технологии "Кванториум", инчунин толори варзишӣ ва толори маҷлис дидан намудааст.
Раиси вилояти Суғд зимни мулоқот бо донишҷӯён таъкид дошт, ки бо талошҳои пайвастаи роҳбари Русия Владимир Путин ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шарикии стратегии кишварҳо ба сатҳи сифатан нав баромад.
Участники проекта Российский учитель за рубежом приступили к работе в средних учебных заведениях Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2025
Дар мактабҳои Тоҷикистон беш аз 100 омӯзгори рус ба кор оғоз карданд
Аҳмадзода дар пайи боздидаш аз мактаби русӣ-тоҷикии ба номи Чехов дастур дод, ки миёни муассисаҳои таълимии вилояти Суғд ҳамкорӣ ва табодули таҷриба роҳандозӣ шавад.
Лентаи хабарҳо
0