https://sputnik.tj/20250904/maktabho-tojikiston-omuzgor-rus-kor-1070839481.html
Дар мактабҳои Тоҷикистон беш аз 100 омӯзгори рус ба кор оғоз карданд
Дар мактабҳои Тоҷикистон беш аз 100 омӯзгори рус ба кор оғоз карданд
Sputnik Тоҷикистон
Муаллимони рус аз фанҳои биология, забон ва адабиёти рус, математика, химия, физика, информатика ва география дарс медиҳанд
2025-09-04T10:36+0500
2025-09-04T10:36+0500
2025-09-04T10:36+0500
маориф
дар тоҷикистон
мактаб
русия
омӯзгор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/03/1070836976_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_c538f55b0ff433668e603659b0b4c793.jpg
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Дар 27 мактаби Тоҷикистон омӯзгорон аз Русия ба кори худ шурӯъ кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти намояндагии Россотрудничество дар ҷумҳурӣ хабар додааст. Ҳамин тариқ, дар 27 мактаби миёнаи Тоҷикистон 109 омӯзгор – иштирокчиёни лоиҳаи “Муаллими рус дар хориҷа” ба кор оғоз карданд.Муаллимони рус аз фаннҳои биология, забон ва адабиёти рус, математика, химия, физика, информатика, география дарс медиҳанд. Миёни муаллимон омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ низ ҳастанд, гуфта мешавад дар хабар. Россотрудничество тавзеҳ дод, ки имсол ба лоиҳа 27 мактаби давлатӣ ва хусусӣ дар 9 шаҳр ва 2 ноҳияи ҷумҳурӣ шомиланд.Ёдовар мешавем, ки дар соли 2017 Тоҷикистон аввалин кишваре буд, ки лоиҳаи башардӯстонаи “Муаллими рус дар хориҷа”-ро роҳандозӣ кард. Дар тӯли чанд сол лоиҳа як ҷузъи ҷудонашавандаи низоми маорифи Тоҷикистон гардид. То соли 2023 дар мактабҳои Тоҷикистон 47 омӯзгор аз Русия фаъолият мекарданд. Лоиҳаро Вазорати маорифи Русия дар якҷоягӣ бо шӯъбаҳои миллии махсуси кишварҳои шарик, аз ҷумла Тоҷикистон амалӣ мекунад.Дар Тоҷикистон ба таҳсилоти русӣ ва забони русӣ ниёзи хоса доранд. Ҳамин тариқ, дар мактабҳои олии Русия зиёда аз 33 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур дода буд, ки барномаҳои таълими забони русӣ дар муассисаҳои томактабӣ бознигарӣ шавад. Ба фикри ӯ, дар боғчаҳо ба бачагон забони русиро омӯзондан лозим аст ва барои ин ихтисоси муаллимонро баланд бояд бардошт.
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/03/1070836976_272:0:1232:720_1920x0_80_0_0_ae79a5515afaa5981e72b3106c88325f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кор, муаллимони рус, макотиби тоҷикистон
кор, муаллимони рус, макотиби тоҷикистон
Дар мактабҳои Тоҷикистон беш аз 100 омӯзгори рус ба кор оғоз карданд
Муаллимони рус аз фанҳои биология, забон ва адабиёти рус, математика, химия, физика, информатика ва география дарс медиҳанд
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Дар 27 мактаби Тоҷикистон омӯзгорон аз Русия ба кори худ шурӯъ кардаанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти намояндагии Россотрудничество дар ҷумҳурӣ хабар додааст.
Ҳамин тариқ, дар 27 мактаби миёнаи Тоҷикистон 109 омӯзгор – иштирокчиёни лоиҳаи “Муаллими рус дар хориҷа” ба кор оғоз карданд.
Муаллимони рус аз фаннҳои биология, забон ва адабиёти рус, математика, химия, физика, информатика, география дарс медиҳанд.
Миёни муаллимон омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ низ ҳастанд, гуфта мешавад дар хабар.
Россотрудничество тавзеҳ дод, ки имсол ба лоиҳа 27 мактаби давлатӣ ва хусусӣ дар 9 шаҳр ва 2 ноҳияи ҷумҳурӣ шомиланд.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2017 Тоҷикистон аввалин кишваре буд, ки лоиҳаи башардӯстонаи “Муаллими рус дар хориҷа”-ро роҳандозӣ кард.
Дар тӯли чанд сол лоиҳа як ҷузъи ҷудонашавандаи низоми маорифи Тоҷикистон гардид.
То соли 2023 дар мактабҳои Тоҷикистон 47 омӯзгор аз Русия фаъолият мекарданд.
Лоиҳаро Вазорати маорифи Русия дар якҷоягӣ бо шӯъбаҳои миллии махсуси кишварҳои шарик, аз ҷумла Тоҷикистон амалӣ мекунад.
Дар Тоҷикистон ба таҳсилоти русӣ ва забони русӣ ниёзи хоса доранд. Ҳамин тариқ, дар мактабҳои олии Русия зиёда аз 33 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур дода буд, ки барномаҳои таълими забони русӣ дар муассисаҳои томактабӣ бознигарӣ шавад.
Ба фикри ӯ, дар боғчаҳо ба бачагон забони русиро омӯзондан лозим аст ва барои ин ихтисоси муаллимонро баланд бояд бардошт.