Оғози мавсими гармидиҳӣ дар Тоҷикистон

Вид Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2025
Обуна шудан
Бо ба кор оғоз намудани Маркази барқу гармидиҳии № 2-и шаҳри Душанбе, қисмати марказӣ ва шимолии пойтахт аллакай бо оби гарм таъмин шудааст
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон мавсими гармидиҳӣ оғоз шуд. Аллакай Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе ба кор шуруъ кардааст.
Дар ин бора, маркази матбуоти Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи тоҷик" хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки Маркази барқу гармидиҳии № 1-и пойтахт бо оби гарми қубурӣ таъмин шуда, дар назар аст, ки дар даҳаи дуюми моҳи октябр ба кор оғоз намояд.
Бино ба гузориши манбаъ, Маркази барқу гармидиҳии № 2-и шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуда, қисмати марказӣ ва шимолии пойтахт аллакай бо оби гарм таъмин мебошад.
Ҳамзамон шоҳқубурҳои марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе бо об пур ва барои таъмин намудани 4 ноҳияи шаҳри Душанбе пурра омодаи кор шуда, дар муҳлати муайяншуда марҳила ба марҳила ба кор шуруъ менамоянд.
Маркази барқу гармидиҳии № 1 ва дегхонаҳои ғарбию шарқӣ бошад, ҳоло пурра омодаи кор мебошанд.
Третья сессия Собрания народных депутатов города Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2025
Аз омодасозии Душанбе ба фасли сармо то гулшинонӣ: Супоришҳои Рустами Эмомалӣ ба масъулин
Корҳои таъмирӣ дар таҷҳизоти асосии ёрирасон аллакай ба анҷом расонида шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки "Маркази барқу гармидиҳии-2"-и шаҳри Душанбе яке аз иншооти асосии таъминкунандаи неруи барқ ва гармӣ дар пойтахт ба ҳисоб рафта, тавоноии он 400 мегаватт нерӯи барқ ва 235 Гкаллория гармӣ мебошад.
Барои фаъолияти доимии Марказ дар давраи тирамоҳу зимистон ва саривақт таъмин намудани бинову иншоот бо барқу гармӣ захираи беш аз 1 миллиону 100 ҳазор тонна ангишт зарур аст.
Лентаи хабарҳо
0