Аз омодасозии Душанбе ба фасли сармо то гулшинонӣ: Супоришҳои Рустами Эмомалӣ ба масъулин

© Foto / Пресс-служба Рустама ЭмомалиТретья сессия Собрания народных депутатов города Душанбе.
Третья сессия Собрания народных депутатов города Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2025
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ ба масъулин барои омодагии хуб ба зимистонгузаронӣ ва сабзазоркунии пойтахт ба масъулин дастуру супоришҳо дод
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар Душанбе таҳти раёсати раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ Илосияи сеюми Маҷлиси вакилон даъвати ҳафтум баргузор шуд.
Дар кори иҷлосия муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳо, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра ширкат кардаанд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии шаҳрдорӣ гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки дар оғоз дар иҷлосия масъалаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дар шаҳри Душанбе баррасӣ шудаааст.
Рустам Эмомалӣ ба муовинонаш, раисони ноҳияҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ барои омодагӣ ба фасли сармо дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Ӯ аз масъулин риояи талаботи "Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026", - ро талаб кардааст.
Вакилон дар идома ҷараёни амалишавии "Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025" ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо дар ин самтро муҳокима намудаанд.
Ввод в эксплуатацию четвертого гидроагрегата Нурекской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2025
Лимит намешавад? Нерӯгоҳҳои бузурги Тоҷикистон ба фасли зимистон омодаанд
Рустами Эмомалӣ дар ин робита ба масъулин дастур додааст, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ бо ҷалби аҳли ҷамоатчигӣ корҳои созандагию ободонӣ тақвият дода шавад.
Ӯ хостааст, ки ба беҳдошти вазъи санитарию шинонидани гулҳои мавсимӣ ва сабзазоркунӣ кормандони соҳаҳои коммуналӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо ҷалб карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0