https://sputnik.tj/20250804/tojikiston-kharid-ordro-kam-kard-gandumro-ziyod-1069720923.html
Тоҷикистон хариди ордро кам карду гандумро зиёд
Тоҷикистон хариди ордро кам карду гандумро зиёд
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти зиддиинҳисории кишвар иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти гандум ба кишвар беш аз 3,2% афзоиш ёфтааст
2025-08-04T13:26+0500
2025-08-04T13:26+0500
2025-08-04T13:56+0500
дар тоҷикистон
гандум
орд
харидорӣ
воридот
қазоқистон
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1a/1055759722_0:165:3054:1883_1920x0_80_0_0_4aa0b27ba9651b4650b1670fa23815d6.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тавре масъулини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд, дар моҳҳои январ-июни соли 2025 аз ҷониби субъекти хоҷагидори кишвар ба ҷумҳурӣ 613,3 ҳазор тонна гандум ба маблағи 143,6 млн. доллар бо нархи миёнаи 234 доллар барои як тонна ворид карда шудааст.Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 149,6 ҳазор тонна ё 32,2% афзоиш ёфтааст.Ҳамзамон масъулини ин ниҳод қайд карданд, дар моҳҳои январ-июни соли 2025 бозори воридоти гандум рақобатпазир буда, иштирокчиёни бозори молӣ 66 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳад.Инчунин ин ниҳод қайд кардааст, ки дар ин давра дар ҷумҳурӣ истеҳсоли гандум низ дар кишвар 579 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 2,8 ҳазор тонна ё 3,7% зиёд мебошад.Дар ҳамин ҳол, ба иттилои ҳамин ниҳод Тоҷикистон воридоти ордро 36,6% коҳиш додааст.Таъкид шудааст, ки дар шаш моҳи соли равон ба ҳудуди гумрукии Тоҷикистон 24,4 ҳазор тонна орд ба маблағи 7,4 миллион доллар бо нархи миёнаи 306 доллар барои 1 тонна ворид карда шудааст., ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти он 14 ҳазор тонна ва ё 36,6% коҳиш ёфтааст.Қайд ккарда шудааст, ки ба воридоти орд ба ҷумҳурӣ 25 субъекти хоҷагидорӣ машғул ҳастанд.Зикр карда шудааст, ки аксари орд ба кишвар аз кишвари Қазоқистон ворид мешавад. Аз ин кишвар ба Тоҷикистон 92,8% ба Тоҷикистон орд ворид гардидааст.Ҳамчунин ба Тоҷикистон аз Русия дар ҳаҷми 5,2%, Узбекситон 1,9% Туркия 0,03% ва ҳатто аз Итолиё 0,01% харидорӣ намудааст.Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон ба миёдори 303,6 ҳазор тонна орд истеҳсол кардааст, ки ҳаҷми истеҳсоли он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40,8 ҳазор тонна ё 15,5% афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20250109/sodiroti-ord-qazoqiston-tojikiston-afzoish-yoft-1065807164.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1a/1055759722_163:0:2892:2047_1920x0_80_0_0_8b881acacbf4fb9105e8bfd71c9acb90.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, гадум, орд, харид, воридот, зиддиинҳисорӣ, ғалла
тоҷикистон, гадум, орд, харид, воридот, зиддиинҳисорӣ, ғалла
Тоҷикистон хариди ордро кам карду гандумро зиёд
13:26 04.08.2025 (Навсозишуда: 13:56 04.08.2025) Хадамоти зиддиинҳисории кишвар иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти гандум ба кишвар беш аз 3,2% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тавре масъулини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд, дар моҳҳои январ-июни соли 2025 аз ҷониби субъекти хоҷагидори кишвар ба ҷумҳурӣ 613,3 ҳазор тонна гандум ба маблағи 143,6 млн. доллар бо нархи миёнаи 234 доллар барои як тонна ворид карда шудааст.
Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 149,6 ҳазор тонна ё 32,2% афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон масъулини ин ниҳод қайд карданд, дар моҳҳои январ-июни соли 2025 бозори воридоти гандум рақобатпазир буда, иштирокчиёни бозори молӣ 66 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳад.
Инчунин ин ниҳод қайд кардааст, ки дар ин давра дар ҷумҳурӣ истеҳсоли гандум низ дар кишвар 579 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 2,8 ҳазор тонна ё 3,7% зиёд мебошад.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои ҳамин ниҳод Тоҷикистон воридоти ордро 36,6% коҳиш додааст.
Таъкид шудааст, ки дар шаш моҳи соли равон ба ҳудуди гумрукии Тоҷикистон 24,4 ҳазор тонна орд ба маблағи 7,4 миллион доллар бо нархи миёнаи 306 доллар барои 1 тонна ворид карда шудааст., ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти он 14 ҳазор тонна ва ё 36,6% коҳиш ёфтааст.
Қайд ккарда шудааст, ки ба воридоти орд ба ҷумҳурӣ 25 субъекти хоҷагидорӣ машғул ҳастанд.
Зикр карда шудааст, ки аксари орд ба кишвар аз кишвари Қазоқистон ворид мешавад. Аз ин кишвар ба Тоҷикистон 92,8% ба Тоҷикистон орд ворид гардидааст.
Ҳамчунин ба Тоҷикистон аз Русия дар ҳаҷми 5,2%, Узбекситон 1,9% Туркия 0,03% ва ҳатто аз Итолиё 0,01% харидорӣ намудааст.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон ба миёдори 303,6 ҳазор тонна орд истеҳсол кардааст, ки ҳаҷми истеҳсоли он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40,8 ҳазор тонна ё 15,5% афзоиш ёфтааст.