Сироҷиддин Муҳриддин кишварҳои узви СММ-ро ба Душанбе даъват кард

© Foto / Пресс-служба МИД ТаджикистанаСироджиддин Мухриддин на Встрече высокого уровня по запуску глобального диалога по управлению искусственным интеллектом
Сироджиддин Мухриддин на Встрече высокого уровня по запуску глобального диалога по управлению искусственным интеллектом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2025
Обуна шудан
Дар нахустин конфронси байнулмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ, ки моҳи октябр дар Душанбе баргузор мешавад, дурнамои рушди ин соҳа баррасӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи сатҳи баланд оид ба оғози Муколамаи глобалӣ оид ба зеҳни сунъӣ дар Иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ширкат кард.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронии худ ёдовар шуд, ки нахустин конфронси зеҳни сунъӣ рӯзҳои 24-25 октябр дар Душанбе баргузор мешавад ва аз кишварҳои Созмони Милал даъват кард, ки дар он ширкат кунанд.
Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин доир ба ташаббусҳои миллӣ ва байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ изҳори назар намуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷӣ.
Вай ба унвони мисол аз ташаббуси раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо номи "Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нави рушди устувор дар Осиёи Марказӣ" ёдовар шуд, ки қатънома аз сӯи Маҷмаи Умумии СММ бо муваффақият қабул шудааст.
Концепция процессоров с искусственным интеллектом. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2025
Дар макотиби Душанбе дарси зеҳни сунъӣ роҳандозӣ мешавад
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 24-25 октябр дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ баргузор мешавад.
Он ба дурнамои рушди ин соҳа тамаркуз хоҳад кард.
Чорабинӣ истеҳсолкунандагони пешбари зеҳни сунъӣ, мутахассисон ва ширкатҳои байналмилалиро, ки барномаҳои инноватсиониро таҳия мекунанд, ба ҳам меорад.
Ба гуфтаи созмондиҳандагон, ҳадаф аз ин нишаст таҳияи равишҳои муштарак барои рушди зеҳни сунъӣ, роҳандозии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баррасии танзими фанновариҳои нав аст.
Лентаи хабарҳо
0