https://sputnik.tj/20250816/makotib-dushanbe-dars-zehni-suni-1070043031.html
Дар макотиби Душанбе дарси зеҳни сунъӣ роҳандозӣ мешавад
Дар макотиби Душанбе дарси зеҳни сунъӣ роҳандозӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Барои роҳандозии ин дарс дар як қатор муассисаҳои таълимӣ аллакай гурӯҳи махсуси корӣ ташкил шудааст 16.08.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-08-16T10:31+0500
2025-08-16T10:31+0500
2025-08-18T13:39+0500
маориф
дар тоҷикистон
сунъӣ
душанбе
мактаб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/0d/1065501024_0:118:2730:1654_1920x0_80_0_0_2c5e321537be3564bd7702e65b6103db.jpg
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар дабистонҳои Душанбе сар аз соли нави хониш ба таълими зеҳни сунъӣ шурӯъ мекунанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Маркази таҳлиливу иттилоотии назди Сарраёсати маорифи пойтахт хабар додааст. Лоиҳаи озмоишӣ моҳи сентябри соли ҷорӣ дар чанд муассисаи шаҳр ба роҳ монда мешавад.Қайд карда мешавад, ки аллакай як гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шудааст, ки он ба мудирони муассисаҳои таълимӣ дар бораи таъсири зеҳни сунъӣ ба баланд бардоштани саводнокии рақамии хонандагон маълумот пешниҳод кардааст. Интизор меравад, ки ин навоварӣ ба рушди қобилияти донишҷӯён, баланд шудани сатҳи дониши техникӣ ва истифодаи самараноки технологияҳои муосир мусоидат хоҳад кард. Лоиҳа дар чорчӯби Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки бо қарори ҳукумат дар соли 2022 тасдиқ шудааст, амалӣ мешавад.Ба гузориши Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи пойтахт, ин иқдом дар доираи татбиқи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон амалӣ мегардад. Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон истифодаи зеҳни сунъиро фаъолона тарғиб мекунад. Ҳамин тавр, дар моҳи март ҷумҳурӣ резолютсия оид ба зеҳни сунъиро ба СММ пешниход кард. Ҷанбаҳои калидии ташаббус худтанзимкунии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ, таъсиси маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва ташаккули фазои умумии танзимро дар бар гирифтааст.
https://sputnik.tj/20250726/qatnomai-tojikiston-zehni-suni-smm-1069442155.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/0d/1065501024_0:0:2730:2048_1920x0_80_0_0_eac4c426a5d21accc612ee72619c6bf5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, дарс, зеҳни сунъӣ
душанбе, дарс, зеҳни сунъӣ
Дар макотиби Душанбе дарси зеҳни сунъӣ роҳандозӣ мешавад
10:31 16.08.2025 (Навсозишуда: 13:39 18.08.2025) Барои роҳандозии ин дарс дар як қатор муассисаҳои таълимӣ аллакай гурӯҳи махсуси корӣ ташкил шудааст
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар дабистонҳои Душанбе сар аз соли нави хониш ба таълими зеҳни сунъӣ шурӯъ мекунанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маркази таҳлиливу иттилоотии назди Сарраёсати маорифи пойтахт хабар додааст.
Лоиҳаи озмоишӣ моҳи сентябри соли ҷорӣ дар чанд муассисаи шаҳр ба роҳ монда мешавад.
Қайд карда мешавад, ки аллакай як гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шудааст, ки он ба мудирони муассисаҳои таълимӣ дар бораи таъсири зеҳни сунъӣ ба баланд бардоштани саводнокии рақамии хонандагон маълумот пешниҳод кардааст.
Интизор меравад, ки ин навоварӣ ба рушди қобилияти донишҷӯён, баланд шудани сатҳи дониши техникӣ ва истифодаи самараноки технологияҳои муосир мусоидат хоҳад кард.
Лоиҳа дар чорчӯби Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки бо қарори ҳукумат дар соли 2022 тасдиқ шудааст, амалӣ мешавад.
Ба гузориши Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи пойтахт, ин иқдом дар доираи татбиқи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон истифодаи зеҳни сунъиро фаъолона тарғиб мекунад.
Ҳамин тавр, дар моҳи март ҷумҳурӣ резолютсия оид ба зеҳни сунъиро ба СММ пешниход кард.
Ҷанбаҳои калидии ташаббус худтанзимкунии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ, таъсиси маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва ташаккули фазои умумии танзимро дар бар гирифтааст.