Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СПАД ширкат дошт

© Foto / МИД Республики БеларусьВстреча министров иностранных дел государств - членов ОДКБ.
Встреча министров иностранных дел государств - членов ОДКБ.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2025
Обуна шудан
Сироҷиддин Муҳриддин бар зарурати густариши ҳамкориҳои амниятӣ миёни кишварҳои СПАД таъкид кард
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон,Сироҷиддин Муҳриддин, дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат кард.
Дар ин бора Вазорати хориҷаи кишвар хабар додааст.
Нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД дар ҳошияи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк баргузор шуд.
Тавре дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон қайд карданд, дар ин дидор Сироҷиддин Муҳриддин ба зарурати густариши ҳамкориҳои амниятӣ миёни кишварҳои СПАД таъкид кардааст.
Учения ОДКБ Эшелон-2025  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2025
Низомиёни тоҷик дар тамриноти СААД дифоъ аз ҳамлаи бесарнишинро машқ карданд
Ба гуфтаи ӯ, ин имкон медиҳад, ки ба хатарҳои афзояндаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир муқовимат босамар анҷом дода шавад.
Лентаи хабарҳо
0