Низомиёни тоҷик дар тамриноти СААД дифоъ аз ҳамлаи бесарнишинро машқ карданд

© Foto / Объединенный пресс-центр учений ОДКБУчения ОДКБ "Эшелон-2025"
Учения ОДКБ Эшелон-2025  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2025
Обуна шудан
Дар тамринҳои муштарак беш аз 2000 сарбоз аз Беларус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат доранд
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Сарбозони тоҷик дар ҳошияи машқҳои тарҳрезишудаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дифоъ аз ҳавопаймоҳои бесарнишинро тамрин карданд.
Чорабинӣ дар қаламрави Белорус ҷараён дорад, хабар медиҳад дафтари матбуоти созмон.
Ҳамин тариқ, дар ҷараёни машқҳои "Эшелон-2025" низомиёни кишварҳои ширкаткунанда долонҳои махсус бо тӯрҳои муҳофизатӣ ва посгоҳҳои назорати ҳавоӣ дар масирҳои интиқоли борҳои арзишманд барои рафъи ҳамлаҳои ҳавопаймоӣ таъсис доданд.
Илова бар маҳорати мубориза бо ҳавопаймоҳои бесарнишин, онҳо инчунин як нонвойхонаи сайёрро ба кор андохтанд, ки қодир аст дар як рӯз то 6 тонна нон пазад.
Ин дафъа дар тамринҳои муштараки СПАД беш аз 2 ҳазор низомӣ аз Беларус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат доранд.
Открытие активной фазы учений ОДКБ Нерушимое братство 2024. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2025
Дар Белорус тамриноти нерӯҳои СААД бо ширкати низомиёни Тоҷикистон оғоз шуд
Ёдовар мешавем, ки дар Белорус тамринҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҷараён доранд ва низомиёни тоҷик низ дар машқҳои “Муомила-2025”, “Ҷустуҷӯ-2025” ва “Эшелон-2025” ширкат доранд.
Амалиёти мазкур аз 31 август то 6 сентябр ҷараён дорад, ки дар он ба ҷуз аз ҳайати шахсӣ 450 адад аслиҳа, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишин ба кор буда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0