https://sputnik.tj/20250925/futzali-tojikiston-davr-nihoi-jom-osiyo-2026-1071499163.html
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 роҳ ёфт
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 роҳ ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 роҳ ёфт.
2025-09-25T15:33+0500
2025-09-25T15:33+0500
2025-09-25T15:33+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон
тоҷикистон дар финали футзал
ҷоми осиё
футбол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/19/1071501373_11:281:1191:945_1920x0_80_0_0_0992ebb20ad1346c9fd89b514c439ca4.png
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 роҳ ёфт.Дар ин бора, Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки тими Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи "С" бо қаҳрамони чоркаратаи Осиё — Ҷопон рӯ ба рӯ шуд. Ин бозӣ шадид ҷараён гирифта, бо ҳисоби 3:1 ба суди ҷопониҳо ба поён расид.Голи ягонаро аз яккачини Тоҷикистон Самандар Ризомов ба нишон расонд.Ҳамин тавр, тими миллии Тоҷикистон бо шаш имтиёз дар гурӯҳи "С" мақоми дуюмро касб кард ва ба қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026 роҳхат гирифт.Ёдрас мешавем, ки мунтахаби футзал бозии интихобӣ бо Макаоро бо ҳисоби калон 10-2 ба анҷом расонид.Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзал ҳамагӣ 31 даста иштирок дорад. Дар натиҷаи қуръакашӣ ҳашт гурӯҳ: ҳафт гурӯҳ аз чор даста ва як гурӯҳ аз се даста ташкил гардид.Ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, роҳ меёбанд.Рақибони мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё -2026 маълум шудандҶоми футзали Осиё-2026 дар Индонезия аз 27 январ то 7 феврал дар Индонезия баргузор мешавад баргузор хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20250717/musohiba-sarmurabbi-nav-sarazm-mubin-ergashev-1069087758.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/19/1071501373_0:72:1237:1000_1920x0_80_0_0_49d7bb4ebf2878f4cee1631a2f602a72.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
футзал, тоҷикистон, даври ниҳоӣ, ҷоми осиё-2026
футзал, тоҷикистон, даври ниҳоӣ, ҷоми осиё-2026
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 роҳ ёфт
Дастаи миллии Тоҷикистон бо шаш имтиёз дар гурӯҳи "С" ҷойи дуюмро аз худ кард ва ба ин тартиб ба қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё - 2026 роҳхат гирифт
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 роҳ ёфт.
Дар ин бора, Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки тими Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи "С" бо қаҳрамони чоркаратаи Осиё — Ҷопон рӯ ба рӯ шуд.
Ин бозӣ шадид ҷараён гирифта, бо ҳисоби 3:1 ба суди ҷопониҳо ба поён расид.
Голи ягонаро аз яккачини Тоҷикистон Самандар Ризомов ба нишон расонд.
Ҳамин тавр, тими миллии Тоҷикистон бо шаш имтиёз дар гурӯҳи "С" мақоми дуюмро касб кард ва ба қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026 роҳхат гирифт.
Ёдрас мешавем, ки мунтахаби футзал бозии интихобӣ бо Макаоро бо ҳисоби калон 10-2 ба анҷом расонид.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзал ҳамагӣ 31 даста иштирок дорад. Дар натиҷаи қуръакашӣ ҳашт гурӯҳ: ҳафт гурӯҳ аз чор даста ва як гурӯҳ аз се даста ташкил гардид.
Ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, роҳ меёбанд.
Ҷоми футзали Осиё-2026 дар Индонезия аз 27 январ то 7 феврал дар Индонезия баргузор мешавад баргузор хоҳад шуд.