https://sputnik.tj/20250627/raqibon-muntakhab-futzal-tojikiston-jomi-osiyo-2026-1068495739.html
Рақибони мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё -2026 маълум шуданд
Рақибони мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё -2026 маълум шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи қуръакашӣ, дастаи футзали Тоҷикистон ба гурӯҳи "С" шомил шудаанд 27.06.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-06-27T17:43+0500
2025-06-27T17:43+0500
2025-06-27T17:43+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футзал
ҷоми осиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/09/1049881577_0:114:1500:958_1920x0_80_0_0_b9aa0d13140fa432ae4ed4466c393a77.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё -2026 маълум шуданд.Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.Тибқи қуръакашӣ, дастаи футзали Тоҷикистон ба гурӯҳи "С" шомил шуда, бо мунтахабҳои Ҷопон, Макао ва Камбоҷа неру месанҷад. Ба иттилои ФФТ, бозиҳои марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи "С" аз 20 то 24 сентябр дар Душанбе баргузор мешаванд.Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзал ҳамагӣ 31 даста иштирок мекунад. Дар натиҷаи қуръакашӣ ҳашт гурӯҳ: ҳафт гурӯҳ аз чор даста ва як гурӯҳ аз се даста ташкил гардид.Ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 27 январ то 7 феврал дар Индонезия баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
https://sputnik.tj/20240923/chempionati-jahon-dastai-muntakhabi-tojikiston-anjom-rasid-1064447911.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/09/1049881577_36:0:1464:1071_1920x0_80_0_0_68f5e0be27ff356962b00ee251a21a32.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, футзал, ҷоми осиё
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, футзал, ҷоми осиё
Рақибони мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё -2026 маълум шуданд
Тибқи қуръакашӣ, дастаи футзали Тоҷикистон ба гурӯҳи "С" шомил шудаанд
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё -2026 маълум шуданд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Тибқи қуръакашӣ, дастаи футзали Тоҷикистон ба гурӯҳи "С" шомил шуда, бо мунтахабҳои Ҷопон, Макао ва Камбоҷа неру месанҷад.
Ба иттилои ФФТ, бозиҳои марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи "С" аз 20 то 24 сентябр дар Душанбе баргузор мешаванд.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзал ҳамагӣ 31 даста иштирок мекунад. Дар натиҷаи қуръакашӣ ҳашт гурӯҳ: ҳафт гурӯҳ аз чор даста ва як гурӯҳ аз се даста ташкил гардид.
Ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 27 январ то 7 феврал дар Индонезия баргузор мешавад, роҳ меёбанд.