https://sputnik.tj/20250924/tojikiston-alayhi-virusi-papilloma-immunizatsiya-1071470726.html
Дар Тоҷикистон алайҳи вируси папиллома иммунизатсия гузаронида мешавад: Рӯзи оғоз
Дар Тоҷикистон алайҳи вируси папиллома иммунизатсия гузаронида мешавад: Рӯзи оғоз
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои ворид намудани ин иммунизатсия ба тақвим чанд сол талош кард ва инак имконияти таъмин намудани дастрасии занон ба ин ваксина фароҳам гардидааст
2025-09-24T16:39+0500
2025-09-24T16:39+0500
2025-09-24T16:39+0500
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
соҳаи тандурустӣ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/01/1040574704_0:155:3365:2048_1920x0_80_0_0_0795d2c849ea67ce5a69abf5a3d20c64.jpg
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз 1 то 31 октябри соли 2025 маъракаи иммунизатсияи оммавӣ алайҳи вируси папилломаи одам гузаронида мешавад. Қарори Ҳукумат "Дар бораи гузаронидани чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Тоҷикистон" 24 июли соли 2025 тасдиқ шудааст.Ваксина дар доираи иммунизатсияи нақшавӣ ба духтарони 10-сола ва дар соли аввали вориднамоии иммунизатсия ба тақвими миллӣ ба духтарони 11-14 сола тавсия дода мешавад. Вазорат сабаби фарогирии ин синну солро, самарабахш будан ва таъмини ҷавоби иммунии қавӣ мегӯяд.Дар ин бора, зимни конфронси миллӣ оид ба воридкунии ваксина бар зидди вируси папилломаи одам дар Вазорати тандурустӣ иттилоъ дода шудааст.Ин ҳамоиш бо мақсади омодагӣ ба маъракаи ваксинатсия бар зидди папилломаи одам дар Тоҷикистон ва табодули таҷриба бо мутахассисони хориҷӣ гузаронида шудаастМасъулини вазорати тандурурстии кишвар қайд намуданд, ки ин вирус омили асосии пайдоиши саратони гарданаки бачадон буда, ин бемории саратонӣ дар Тоҷикистон дар байни бемориҳои саратонии занондар ҷои дуюм меистад.Барои баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва маориф вобаста ба самаранокии ваксина, воридкунии он ба Тақвими миллии иммунизатсия, инчунин баргузории иммунизатсия миёни гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ чорабиниҳо ба роҳ монда шудаанд.Вазорати тандурустӣ овозаи табобати саратон бо шири говро шарҳ додВазорати тандурустии Тоҷикистон барои ворид намудани ин иммунизатсия ба тақвим чанд сол боз талош кард ва инак имконияти таъмин намудани дастрасии занон ба ин ваксина фароҳам гардидааст
https://sputnik.tj/20250828/vazorat-tandurust-virusi-papilomai-zanon-dukhtaron-khatar-1070524125.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/01/1040574704_376:0:3107:2048_1920x0_80_0_0_6987889eea533c32376ea6dddfa7f8d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оғоз, иммунизатсия, алайҳ,вируси папиллома
оғоз, иммунизатсия, алайҳ,вируси папиллома
Дар Тоҷикистон алайҳи вируси папиллома иммунизатсия гузаронида мешавад: Рӯзи оғоз
Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои ворид намудани ин иммунизатсия ба тақвим чанд сол талош кард ва инак имконияти таъмин намудани дастрасии занон ба ин ваксина фароҳам гардидааст
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз 1 то 31 октябри соли 2025 маъракаи иммунизатсияи оммавӣ алайҳи вируси папилломаи одам гузаронида мешавад.
Қарори Ҳукумат "Дар бораи гузаронидани чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Тоҷикистон" 24 июли соли 2025 тасдиқ шудааст.
Ваксина дар доираи иммунизатсияи нақшавӣ ба духтарони 10-сола ва дар соли аввали вориднамоии иммунизатсия ба тақвими миллӣ ба духтарони 11-14 сола тавсия дода мешавад.
Вазорат сабаби фарогирии ин синну солро, самарабахш будан ва таъмини ҷавоби иммунии қавӣ мегӯяд.
Дар ин бора, зимни конфронси миллӣ оид ба воридкунии ваксина бар зидди вируси папилломаи одам дар Вазорати тандурустӣ иттилоъ дода шудааст.
Ин ҳамоиш бо мақсади омодагӣ ба маъракаи ваксинатсия бар зидди папилломаи одам дар Тоҷикистон ва табодули таҷриба бо мутахассисони хориҷӣ гузаронида шудааст
Масъулини вазорати тандурурстии кишвар қайд намуданд, ки ин вирус омили асосии пайдоиши саратони гарданаки бачадон буда, ин бемории саратонӣ дар Тоҷикистон дар байни бемориҳои саратонии занондар ҷои дуюм меистад.
Барои баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва маориф вобаста ба самаранокии ваксина, воридкунии он ба Тақвими миллии иммунизатсия, инчунин баргузории иммунизатсия миёни гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ чорабиниҳо ба роҳ монда шудаанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои ворид намудани ин иммунизатсия ба тақвим чанд сол боз талош кард ва инак имконияти таъмин намудани дастрасии занон ба ин ваксина фароҳам гардидааст