https://sputnik.tj/20250920/vazorat-shiri-gov-muolija-saraton-1071348337.html
Вазорати тандурустӣ овозаи табобати саратон бо шири говро шарҳ дод
Вазорати тандурустӣ овозаи табобати саратон бо шири говро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазортаи тандурустӣ мегӯяд, саратон як бемории мураккаб буда, табобати он танҳо бо усулҳои илмӣ асосёфта, аз ҷумла ҷарроҳӣ, химиотерапия, радиотерапия ва доруҳои ҳадафнок анҷом дода мешавад
2025-09-20T12:58+0500
2025-09-20T12:58+0500
2025-09-22T11:34+0500
вазорати тандурустӣ
саратон
шир
тандурустӣ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/16/1061025317_0:27:2857:1634_1920x0_80_0_0_7a893bac5e310336d659eed6fdd0f65f.jpg
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон маълумот дар шабакаҳои иҷтимоӣ, зери унвони "Табобати саратон бо шири гов" - ро беасос ва ғайритиббӣ хонд.Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезанад, ки гуё сокини ноҳияи Кӯшониён Аловиддин Саидаҳмадов, табобати бемории саратонро бо истифода аз шири гов ёфтааст. Ин масъала аз ҷониби мутахассасисони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ дар Хатлон, сармутахассисони ғайривоҳидии Раёсати тандурустӣ оид ба бемориҳои саратоншиносӣ, дар ҳузури Саидаҳмадов таҳлил шудааст. Вазорат маълум карда, ки номбурда ягон маълумоти олии тиббӣ ва иҷозатнома барои фаъолияти тибби халқиро надошта як нафар беморе, ки гуё ӯ табобат намудааст, танҳо бемории захми меъда (язва) доштааст.Вазорат таъкид карда, ки нашри ингуна изҳорот на танҳо хилофи стандартҳои тибби муосир аст, балки он метавонад боиси хатар ба саломатии беморон ва таъхири муроҷиати саривақтӣ ба мутахассисон гардад.Айни ҳол Саидаҳмадов дар ҶДММ “Хатлонтранс”-и Бохтар ба ҳайси мусофиркашон фаъолият менамояд. Шири гов метавонад ҳамчун як унсури ғизоии муфид дар парҳези умумӣ бошад, вале таблиғ кардани он ҳамчун "табобати саратон" амали беасос, хатарнок ва ғайритиббӣ мебошад. Вазорати тандурустӣ аз сокинони кишвар даъват карда, ки танҳо ба табибон ва муассисаҳои расмии тандурустӣ муроҷиат намоянд ва ҳеҷ гоҳ ба маслиҳатҳои шахсони тасодуфӣ дар интернет бовар накунанд.
https://sputnik.tj/20250724/tojikiston-beshtar-zanon-saraton-1069262334.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/16/1061025317_201:0:2740:1904_1920x0_80_0_0_f2555fc30bf0ddfc147e46e6acdc7b1b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
табобат, саратон, тоҷикистон
табобат, саратон, тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ овозаи табобати саратон бо шири говро шарҳ дод
12:58 20.09.2025 (Навсозишуда: 11:34 22.09.2025) Вазортаи тандурустӣ мегӯяд, саратон як бемории мураккаб буда, табобати он танҳо бо усулҳои илмӣ, аз ҷумла ҷарроҳӣ, химиотерапия, радиотерапия ва доруҳо анҷом дода мешавад
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон маълумот дар шабакаҳои иҷтимоӣ, зери унвони "Табобати саратон бо шири гов" - ро беасос ва ғайритиббӣ хонд.
Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезанад, ки гуё сокини ноҳияи Кӯшониён Аловиддин Саидаҳмадов, табобати бемории саратонро бо истифода аз шири гов ёфтааст.
Ин масъала аз ҷониби мутахассасисони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ дар Хатлон, сармутахассисони ғайривоҳидии Раёсати тандурустӣ оид ба бемориҳои саратоншиносӣ, дар ҳузури Саидаҳмадов таҳлил шудааст.
Вазорат маълум карда, ки номбурда ягон маълумоти олии тиббӣ ва иҷозатнома барои фаъолияти тибби халқиро надошта як нафар беморе, ки гуё ӯ табобат намудааст, танҳо бемории захми меъда (язва) доштааст.
Вазорат таъкид карда, ки нашри ингуна изҳорот на танҳо хилофи стандартҳои тибби муосир аст, балки он метавонад боиси хатар ба саломатии беморон ва таъхири муроҷиати саривақтӣ ба мутахассисон гардад.
Айни ҳол Саидаҳмадов дар ҶДММ “Хатлонтранс”-и Бохтар ба ҳайси мусофиркашон фаъолият менамояд.
Шири гов метавонад ҳамчун як унсури ғизоии муфид дар парҳези умумӣ бошад, вале таблиғ кардани он ҳамчун "табобати саратон" амали беасос, хатарнок ва ғайритиббӣ мебошад.
Вазорати тандурустӣ аз сокинони кишвар даъват карда, ки танҳо ба табибон ва муассисаҳои расмии тандурустӣ муроҷиат намоянд ва ҳеҷ гоҳ ба маслиҳатҳои шахсони тасодуфӣ дар интернет бовар накунанд.