https://sputnik.tj/20250924/rahmon-bonk-jahoni-strategiya-nav-tojikiston-1071455332.html
Раҳмон бо мудири Бонки Ҷаҳонӣ сармоягузории бахши энержиро баррасӣ кард
Раҳмон бо мудири Бонки Ҷаҳонӣ сармоягузории бахши энержиро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо мудири идории Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде мулоқот намуд.
2025-09-24T14:01+0500
2025-09-24T14:01+0500
2025-09-24T14:01+0500
иқтисод
эмомалӣ раҳмон
бонки ҷаҳонӣ
сармоягузорӣ
стратегия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/18/1071456862_0:136:2048:1289_1920x0_80_0_0_313af45b88a13eab21f5d3ea911cd817.jpg
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо мудири идории Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде мулоқот кардааст.Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки дар вохӯрӣ раванди ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шудааст.Эмомалӣ Раҳмон Бонки ҷаҳониро яке аз шарикони асосии рушди Тоҷикистон номида, ба роҳбарияти он барои ҳамкории судманд изҳори сипос намудааст.Раисиҷумҳур бо мудири бонк атрофи рушди босуботи соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии Тоҷикистон низ суҳбат кардааст.Ҷонибҳо аз ҷумла рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, инфрасохтору коммуникатсия, рақамикунонӣ, маориф, бахши хусусӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин, беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолиро баррасӣ кардаанд.Татбиқи босамари Лоиҳаи сиёсати дастгирии рушд ва таҳияи Стратегияи нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ барои панҷ соли минбаъда аз мавзуъҳои дигари суҳбат будааст.Мусоҳибон ҳамчунин, атрофи пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва авзои мураккаби минтақа ва ҷаҳон, ки ба татбиқи нақшаҳо ва дурнамои рушд таъсири манфӣ мерасонад, андешаронӣ намудаанд.
https://sputnik.tj/20250924/bonki-jahoni-tojikiston-tavsiya-muhojirati-mehnati-1071444927.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/18/1071456862_0:0:1820:1365_1920x0_80_0_0_b3b00c950b5100edcaef530a2b6de9f5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суҳбат, раҳмон, бонки ҷаҳонӣ
суҳбат, раҳмон, бонки ҷаҳонӣ
Раҳмон бо мудири Бонки Ҷаҳонӣ сармоягузории бахши энержиро баррасӣ кард
Ҳамчунин, ҷонибҳо татбиқи Лоиҳаи Стратегияи нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ барои панҷ соли ояндро баррасӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо мудири идории Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде мулоқот кардааст.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар вохӯрӣ раванди ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон Бонки ҷаҳониро яке аз шарикони асосии рушди Тоҷикистон номида, ба роҳбарияти он барои ҳамкории судманд изҳори сипос намудааст.
"Ба рушди ҳамкорӣ дар бахши гидроэнергетика ва маблағгузории лоиҳаҳои ин соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид", - омадааст дар хабарнома.
Раисиҷумҳур бо мудири бонк атрофи рушди босуботи соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии Тоҷикистон низ суҳбат кардааст.
Ҷонибҳо аз ҷумла рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, инфрасохтору коммуникатсия, рақамикунонӣ, маориф, бахши хусусӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин, беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолиро баррасӣ кардаанд.
Татбиқи босамари Лоиҳаи сиёсати дастгирии рушд ва таҳияи Стратегияи нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ барои панҷ соли минбаъда аз мавзуъҳои дигари суҳбат будааст.
Мусоҳибон ҳамчунин, атрофи пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва авзои мураккаби минтақа ва ҷаҳон, ки ба татбиқи нақшаҳо ва дурнамои рушд таъсири манфӣ мерасонад, андешаронӣ намудаанд.