Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки раванди муҳоҷирати меҳнатиро коҳиш диҳад

© Sputnik / Алексей НикольскийРеконструкция филиала Киностудии имени Горького на Валдайском проезде в Москве
Реконструкция филиала Киностудии имени Горького на Валдайском проезде в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2025
Обуна шудан
Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, ки барои ҳифзи суботи иқтисодӣ ба қувваи корӣ дар дохили кишвар ҷойҳои кор ташкил диҳад
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Вей Винни Ванг иҷрокунандаи вазифаи менеҷери кишвар дар Тоҷикистон дар гузориши ахири нашршудаи Бонки Ҷаҳонӣ аз пешрафтҳои кишвар дар коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ таъкид кард.
Вай гуфт, ки аз соли 2021 то 2023, 35% хонаводаҳо ба сатҳи миёна ворид шуданд. Ин дастовардҳо бо Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 мувофиқат мекунанд.
Ба гуфтаи Вей Винни Ванг ҳадафи ҳукумати Тоҷикистон афзоиши ҳиссаи табақаи миёна то 50% аҳолӣ ва коҳиши камбизоатӣ то камтар аз 10% мебошад.
Дар ҳамин ҳол, мутахассис қайд кардааст, ки нигоҳдорӣ ва амиқтар кардани ин дастовардҳо тағироти ҷиддиро тақозо мекунад
Вай гуфт барои нигоҳ доштани дастовардҳои бадастомада ва бунёди иқтисоди бештар фарогир ва устувор, Тоҷикистон бояд аз модели муҳоҷират ба модели таъсиси ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар, коҳиши нобаробарӣ ва афзоиши сармоягузорӣ ба рушди малакаҳо гузарад.
“Бо таваҷҷӯҳ ба ин соҳаҳо, кишвар метавонад ба шукуфоии дохилӣ, устувор ва муштарак ноил шавад", - қайд кардааст Вей Винни Ванг дар гузориши ахири Бонки Ҷаҳонӣ.
Вай тавсия додааст, ки ба дигаргунсозии дар соҳаи кишоварзӣ тавассути сабук кардани маҳдудиятҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва пешбурди технологияҳои ба обу ҳаво тобовар таваҷҷуҳ дода шавад.
Трудовые мигранты в Москве. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2025
Аз коҳиши муҳоҷират то интиқоли пул: БАОР дар гузориши ҷадидаш чӣ пешгӯи кард?
Ҳамчунин тавсия дода шудааст, ки ба ҳавасмандгардонии таъсиси ҷойҳои корӣ дар бахшҳои меҳнатталаб, аз қабили коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва хизматрасонӣ аҳамият дода шавад.
Қайд карда шудааст, ки ҳадафи ин тадбирҳо ба ҳавасмандгардонии рушди фарогир, коҳиш додани нобаробарӣ ва баланд бардоштани устувории хонаводаҳои осебпазир таъсири мусбат мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР) гуфта буд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар пайи тадриҷан коҳиш ёфтани тафовут байни маоши миёна дар ҷумҳурӣ ва Русия метавонад коҳиш ёбад.
Мутахассисони бонк тахмин мезананд, ки бо суръати кунунии афзоиши маош дар Тоҷикистон ва сатҳи он дар 10 сол бештар аз 50% маоши миёнаи Русия хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ин бонк дар тӯли 30 сол содироти қувваи корӣ аз кишвар комилан қатъ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0