ИИАО ва Абу-Дабӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ҳамкорӣ мекунанд

© unsplash / Jakub ŻerdzickiЦифровые технологии в торговле
Цифровые технологии в торговле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2025
Обуна шудан
Комиссия дар якҷоягӣ бо кишварҳои узви ИИАО оид ба таҳияи консепсияи Digital Union, ки соҳибихтиёрии рақамии кишварҳоро нигоҳ медорад, кор бурда истодааст
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Раиси Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Бакитҷон ​​Сагинтаев, дар Аморати Муттаҳидаи Араб бо роҳбари дафтари рақамии ҳукумати Абу-Дабӣ Муҳаммад Абдулҳамид Ал-Аскар мулоқоти корӣ доир намуд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Комиссияи иқтисодии ИИАО хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Амороти Муттаҳидаи Арабро дар бахшҳои технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ кардаанд.
Сагинтаев изҳор доштааст, ки Комиссия бо кишварҳои ИИАО ҷиҳати таҳияи консепсияи Иттиҳоди рақамӣ, ки соҳибихтиёрии рақамии кишварҳоро ҳифз мекунад ва ҳамоҳангсозӣ ва мутобиқати беҳтарин қарорҳои технологиро таъмин менамояд, кор мекунад.

"Дар ин росто табодули таҷрибаи амалӣ бо АМА хеле муҳим аст, бахусус дар шароити формати нави ҳамкориҳои иқтисодӣ", - таъкид кардааст Сагинтаев.

Виды Астаны. Монумент Астана-Байтерек. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2025
Шаккалиев: Қазоқистон фоидаи калон мегирад ва нияти хориҷ шудан аз ИИАО-ро надорад
Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои технологияҳои рақамӣ ва системаҳои иттилоотию коммуникатсиониро омӯзанд.
Лентаи хабарҳо
0