Шаккалиев: Қазоқистон фоидаи калон мегирад ва нияти хориҷ шудан аз ИИАО-ро надорад

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкВиды Астаны. Монумент "Астана-Байтерек". Иллюстративное фото
Виды Астаны. Монумент Астана-Байтерек. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2025
Обуна шудан
Вазири қазоқ ахиран гуфтааст, ки ИИАО барои кишвараш як бузори бузурги фурушӣ маҳсулот аст ва кишвар нияти аз он хуруҷ шуданро надорад
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё барои Қазоқистон як бозори хеле бузург аст, ки маҳсулоти кишвар дар он фурӯхта мешавад, гуфт вазири савдо ва ҳамгироии Қазоқистон Арман Шаккалиев.
Вай ҳамчунин дар суҳбат бо хабарнигорон имкони хурӯҷи Қазоқистон аз ИИАО-ро арзёбӣ кард.
"Мо аз ҳеҷ куҷо хориҷ намешавем. Мо як ҷузъи фазои муттаҳид ҳастем - бартариятҳои он маълум аст. Дар 10 соли охир гардиши тиҷоратии мо бо кишварҳои узви ИИАО афзоиш ёфт. Мо афзоиши назаррасро мушоҳида кардаем - дар соли ҷорӣ ҳудуди 20 миллиард долларро ташкил дод", - қайд кард вазири қазоқ.
Ба гуфтаи ин мақомдор, Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё барои Қазоқистон як бозори хеле бкзкрг аст.
Гавана. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2025
Аз нафт то қаҳва: табодули колои кишварҳои ИИАО бо Куба дар ҳоли афзоиш аст
"Мо ҳамдигарро бо чанд роҳ мукаммал мекунем. Аз ин рӯ, масъалаи хуруҷ шудан матраҳ нест. Масъалаи дигар ин динамикаи мухталифи дастгирӣ аст: ҳар як кишвар саноат ва механизмҳои худро дорад. Аммо муҳимтар аз ҳама, мо ҳама иштирокчиёни иқтисоди ҷаҳонӣ ҳастем. Ҳадафи мо афзоиши иқтидор ва зарфияти содирот аст", - афзуд Шаккалиев.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Лентаи хабарҳо
0