Аз масоили обу иқлим то мубориза бо терроризм: Раҳмон бо Гетерриш мулоқот кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон провёл встречу с Генеральным секретарём ООН Антониу Гутерришем.
Эмомали Рахмон провёл встречу с Генеральным секретарём ООН Антониу Гутерришем. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2025
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ва дабири куллии СММ дарёфти роҳҳои сиёсию дипломатии ҳалли низоъҳо дар минотиқи гуногуни ҷаҳонро зарур дониста донистанд
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Хабар дода шудааст, ки дар вохӯрӣ раванди ҳамкории гуногунҷанба ва пурсамари Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.
Дар мулоқот бо дабири СММ раҳбари Тоҷикистон таъкид кард, ки авҷ гирифтани мухолифатҳои геосиёсӣ, таҳдидҳои амниятӣ, даргириҳои мусаллаҳона, терроризм ва ифротгароӣ, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ ва ноамнии озуқаворӣ идомаи босамари ҳамкории муассирро тақозо менамояд.
Қайд карда шудааст, ки дар дидор доир ба татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор, ташаббуси “СММ-2.0”, Диди Дабири кул оид ба низоми муосири Созмони Милал ва ислоҳоти фарогири он тибқи барномаи “СММ-80”, ташаббуси Дабири кул оид ба “Низоми огоҳии бармаҳал барои ҳама” ва иқдомҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ қабулшудаи Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба ҳалли масоили обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Бо таассуф зикр гардид, ки то соли 2030 танҳо 35% Ҳадафҳои Рушди Устувор татбиқ мегарданд.
 Рабочий визит Эмомали Рахмона в Катар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2025
Раҳмон ҳамла ба Қатарро таҷовуз ба соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии ин кишвар донист
Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор ҳамчунин қайд кард, ки барои дастрасии васеъ ба ин ҳадафҳо истифодаи муассир аз технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, муҳим мебошад.
Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба конфронсҳои оби СММ – 2026 ва 2028, ки дувумӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, зоҳир гардид.
Ҳамчунин, тақвияти ҳамкорӣ барои бартарафсозии таҳдиду хатарҳои вобаста ба терроризму ифротгароӣ, низоъҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва дарёфти роҳҳои сиёсию дипломатии ҳалли онҳо зарур дониста шуд.
Ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон ар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо раисҷумҳури Ветнам ва Португалия дидору мулоқот кард.
Зимни мулоқот таҳким ва густариши дӯстию ҳамкорӣ бо ин кишварҳо дар баррасӣ шуд.
Лентаи хабарҳо
0