https://sputnik.tj/20250923/maorif-sugd-jalbi-ijborii-omuzgoron-khonandagon-pakhtachini-1071415924.html
Раёсати маорифи Суғд ҷалби иҷбории омӯзгорону хонандагон ба пахтачиниро рад кард
Раёсати маорифи Суғд ҷалби иҷбории омӯзгорону хонандагон ба пахтачиниро рад кард
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати маорифи вилояти Суғд қайд кард, ки ҷалби омӯзгорону хонандагоне, ки фаъолиятҳояшон берун аз таълим мебошанд, қатъиян манъ аст
2025-09-23T10:49+0500
2025-09-23T10:49+0500
2025-09-23T18:14+0500
дар тоҷикистон
пахта
пахтачинӣ
муаллимон
талабагон
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/17/1071442201_87:154:1172:765_1920x0_80_0_0_b99990a1d86c77e05d5ebd7f3ca797ee.jpg
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Раёсати маорифи вилояти Суғд ахиран хабарҳо дар бораи ҷалби иҷбории омӯзгорону хонандагон ба пахтачиниро қатъиян рад кард.Раёсати маориф тавзеҳ дод, ки мувофиқи қонунгузории ҷалби омӯзгорону хонандагон ба фаъолиятҳое, ки берун аз таълиму тарбия мебошанд, қатъиян манъ аст.Вале дар баробари ин Раёсати маориф таъкид кардааст, ки омӯзгорон ҳамчун фарзандони мардуми деҳқон дар рӯзҳои истироҳат, танҳо бо хоҳиши худ, ба ёрии ҷамъоварии ҳосили пахта мераванд.Ин ниҳод давлатӣ гуфтааст, ки раванди таълим ва манфиати хонандагон дар мадди аввал қарор дорад.Раёсат аз сокинон хоҳиш кардааст, ки дар сурати ошкор намудани ҳолатҳои иҷбории ҷалби муаллимон ва мактабхонон ба пахтачинӣ ба мақомоти маориф муроҷиат намоянд.Аммо қайд карда шудааст, ки шикоят бояд далелу рақам бошад.“Чунин муроҷиатҳо ҳатман мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифта, чораҳои зарурӣ андешида мешаванд”, - гуфтааст вазорат.Ҳамчунин зикр гардидааст, ки тамоми фаъолияти соҳаи маориф дар вилояти Суғд тибқи дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст ва ҳеҷ як омӯзгор ба иҷрои корҳои иҷборӣ ҷалб нагрдидааст.
https://sputnik.tj/20250828/tojikiston-nakhi-pakhta-eron-sodirot-1070502408.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/17/1071442201_160:106:1082:797_1920x0_80_0_0_a49955c7a78604f6d7aa91763ee7aa26.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, пахта, пахтачинӣ, ҷалб, омӯзгорон, маориф, омӯзгорон, талабагон, мактаб
тоҷикистон, пахта, пахтачинӣ, ҷалб, омӯзгорон, маориф, омӯзгорон, талабагон, мактаб
Раёсати маорифи Суғд ҷалби иҷбории омӯзгорону хонандагон ба пахтачиниро рад кард
10:49 23.09.2025 (Навсозишуда: 18:14 23.09.2025) Раёсати маорифи вилояти Суғд қайд кард, ки ҷалби омӯзгорону хонандагоне, ки фаъолиятҳояшон берун аз таълим мебошанд, қатъиян манъ аст
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Раёсати маорифи вилояти Суғд ахиран хабарҳо дар бораи ҷалби иҷбории омӯзгорону хонандагон ба пахтачиниро қатъиян рад кард.
Раёсати маориф тавзеҳ дод, ки мувофиқи қонунгузории ҷалби омӯзгорону хонандагон ба фаъолиятҳое, ки берун аз таълиму тарбия мебошанд, қатъиян манъ аст.
“Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят машғулияти дарсӣ тибқи ҷадвал ва барномаҳои тасдиқшуда идома дорад ва ҳеҷ омӯзгор дар вақти дарсӣ ба пахтачинӣ ҷалб карда намешавад”, - қайд кардааст ин ниҳоди давлатӣ.
Вале дар баробари ин Раёсати маориф таъкид кардааст, ки омӯзгорон ҳамчун фарзандони мардуми деҳқон дар рӯзҳои истироҳат, танҳо бо хоҳиши худ, ба ёрии ҷамъоварии ҳосили пахта мераванд.
“Ин иқдом танҳо ба хотири дастгирии меҳнати заҳматталаби кишоварзон сурат мегирад ва ҳеҷ гуна хусусияти иҷборӣ надорад”, - зикр кардааст Раёсат.
Ин ниҳод давлатӣ гуфтааст, ки раванди таълим ва манфиати хонандагон дар мадди аввал қарор дорад.
Раёсат аз сокинон хоҳиш кардааст, ки дар сурати ошкор намудани ҳолатҳои иҷбории ҷалби муаллимон ва мактабхонон ба пахтачинӣ ба мақомоти маориф муроҷиат намоянд.
Аммо қайд карда шудааст, ки шикоят бояд далелу рақам бошад.
“Чунин муроҷиатҳо ҳатман мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифта, чораҳои зарурӣ андешида мешаванд”, - гуфтааст вазорат.
Ҳамчунин зикр гардидааст, ки тамоми фаъолияти соҳаи маориф дар вилояти Суғд тибқи дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст ва ҳеҷ як омӯзгор ба иҷрои корҳои иҷборӣ ҷалб нагрдидааст.