https://sputnik.tj/20250828/tojikiston-nakhi-pakhta-eron-sodirot-1070502408.html
Тоҷикистон 68% нахи пахтаашро ба Эрон содирот кардааст
Тоҷикистон 68% нахи пахтаашро ба Эрон содирот кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон соҳаи пахтакорӣ ва коркарди он то маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили кишварро яке аз самтҳои асосии стратегии Ҳукумати кишвар медонад
2025-08-28T09:39+0500
2025-08-28T09:39+0500
2025-08-28T09:39+0500
дар тоҷикистон
истеҳсол
пахта
эрон
содирот
содирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/10/1045927120_0:134:3073:1862_1920x0_80_0_0_96b6dd00569dc151b8a7e2cabc539380.jpg
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Муовини якуми вазири иқтисод ва свдои Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой дар як ҷаласа аз коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли пахта дар кишвар таъкид кард.Вай гуфт, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар солҳои охир коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли пахта дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва коркарди он дар корхонаҳои ватанӣ ба назар мерасад.Вай илова кард, ки содироти нахи пахта дар ташаккули иқтидори содиротии кишвар хусусияти мавсимӣ дошта, дар соли 2024 ҳаҷми содироти он 100,5 ҳазор тоннаро бо арзиши 170,1 млн доллар ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023-юм 8,8 ҳазор тонна ё 28,5 млн доллар кам мебошад.Мақомдори тоҷик афзуд, ки нархи миёнаи фурӯши нахи пахта 1692 доллар барои як тоннаро ташкил намуда, нисбат ба нархи миёнаи содиротии соли 2023-юм 125 доллар паст гардидааст.Ҳамчунин ин мақомдор гуфт пахтаи Тоҷикистон ба кадом кишварҳо фурӯхта шудааст.Ашурбой Солеҳзода қайд кард, ки дар соҳа як қатор мушкилот ҷой доранд, аз ҷумла таъмин нагардидани нақшаи истеҳсоли пахтаи хом, баланд будани тарифҳои амалкунандаи неруи барқ ва ҷорӣ нагардидани тарифҳои мавсимӣ барои корхонаҳои соҳа, дастрас набудани корхонаҳои соҳа ба қарзҳои имтиёзнок ва нарасидани мутахассисони баландихтисоси корхонаҳои нассоҷӣ.Вай илова кард, ки бо мақсади дастгирии корхонаҳои коркард ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ Ҳукумати кишвар як қатор тадбирҳои ҳавасмандгардониро дар низоми тарифию ғайритарифӣ роҳандозӣ намудааст.“Вале ин имтиёзҳо аз тарафи истеҳсолкунандагон начандон самаранок истифода шуда, барои ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва буҷет таъсирбахш нестанд”, - афзуд мақомдори тоҷик.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/43221
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/10/1045927120_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_4c12ad6a88f0e0d99fbdf6852da4e93a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, пахта, содирот, эрон, вазорати иқтисод, маҳсулот,
тоҷикистон, пахта, содирот, эрон, вазорати иқтисод, маҳсулот,
Тоҷикистон 68% нахи пахтаашро ба Эрон содирот кардааст
Мақомоти Тоҷикистон соҳаи пахтакорӣ ва коркарди он то маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили кишварро яке аз самтҳои асосии стратегии Ҳукумати кишвар медонад
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Муовини якуми вазири иқтисод ва свдои Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой дар як ҷаласа аз коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли пахта дар кишвар таъкид кард.
Вай гуфт, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар солҳои охир коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли пахта дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва коркарди он дар корхонаҳои ватанӣ ба назар мерасад.
“Аз ҷумла, дар се соли охир ҳаҷми истеҳсоли пахта тадриҷан кам шуда, аз 404,7 ҳазор тоннаи соли 2022 то 253,2 ҳазор тонна дар соли 2024 коҳиш ёфтааст. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли нахи пахта низ аз 127,1 ҳазор тонна то 106,9 ҳазор тонна кам шудааст”, қайд кард Солеҳзода.
Вай илова кард, ки содироти нахи пахта дар ташаккули иқтидори содиротии кишвар хусусияти мавсимӣ дошта, дар соли 2024 ҳаҷми содироти он 100,5 ҳазор тоннаро бо арзиши 170,1 млн доллар ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023-юм 8,8 ҳазор тонна ё 28,5 млн доллар кам мебошад.
Мақомдори тоҷик афзуд, ки нархи миёнаи фурӯши нахи пахта 1692 доллар барои як тоннаро ташкил намуда, нисбат ба нархи миёнаи содиротии соли 2023-юм 125 доллар паст гардидааст.
Ҳамчунин ин мақомдор гуфт пахтаи Тоҷикистон ба кадом кишварҳо фурӯхта шудааст.
“Ҷуғрофияи содироти нахи пахта дар соли 2024 аз рӯи ҳаҷм асосан ба Эрон (67,9%), Туркия (15%), Чин (8,4%), Русия (4,4%), Покистон (3%), Гурҷистон (1%), Бангладеш (0,2%) ва Латвия (0,1%) сурат гирифтааст”.
Ашурбой Солеҳзода қайд кард, ки дар соҳа як қатор мушкилот ҷой доранд, аз ҷумла таъмин нагардидани нақшаи истеҳсоли пахтаи хом, баланд будани тарифҳои амалкунандаи неруи барқ ва ҷорӣ нагардидани тарифҳои мавсимӣ барои корхонаҳои соҳа, дастрас набудани корхонаҳои соҳа ба қарзҳои имтиёзнок ва нарасидани мутахассисони баландихтисоси корхонаҳои нассоҷӣ.
Вай илова кард, ки бо мақсади дастгирии корхонаҳои коркард ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ Ҳукумати кишвар як қатор тадбирҳои ҳавасмандгардониро дар низоми тарифию ғайритарифӣ роҳандозӣ намудааст.
“Вале ин имтиёзҳо аз тарафи истеҳсолкунандагон начандон самаранок истифода шуда, барои ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва буҷет таъсирбахш нестанд”, - афзуд мақомдори тоҷик.