https://sputnik.tj/20250922/kashfiyot-qala-bibikhonum-bokhtar-1071380490.html
Аз ғалладонагӣ то бозёфтҳои таърихӣ: Кашфиёти нав дар қалъаи Бибихонум
Аз ғалладонагӣ то бозёфтҳои таърихӣ: Кашфиёти нав дар қалъаи Бибихонум
Sputnik Тоҷикистон
Ҳангоми гузаронидани корҳои ҳафриётӣ дар қалъаи Бибихонуми шаҳри Бохтар миқдори зиёди бозёфтҳои давраҳои таърихӣ, ҳамчунин намунаҳои маҳсулоти ғалладонагӣ кашф карда шуд.
2025-09-22T09:31+0500
2025-09-22T09:31+0500
2025-09-22T09:31+0500
бохтар
дар тоҷикистон
бозёфт
кашфиёт
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/0d/1069942746_0:245:1272:961_1920x0_80_0_0_f147ce1d93a7ac6c43c71d3dac0f1ae8.jpg
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Дар қалъаи Бибихонуми шаҳри Бохтар миқдори зиёди бозёфтҳои давраҳои таърихӣ кашф карда шудааст.Ҳамчунин дар паи ҳафриёт намунаҳои маҳсулоти ғалладонагӣ низ бозёфт шудааст.Кашфиёти нав ҳангоми гузаронидани корҳои ҳафриётӣ аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Тоҷикистон кашф шудааст.Ин ёдгориҳо бо ҷалби донишҷӯёни бахши таърихи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав зимни таҷрибаомӯзӣ кашф карда шуданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".Гуфта мешавад, ки таҳқиқу омӯзиши бозёфтҳои бостоншиносӣ, хусусан ғалладонагӣ барои пешрафти соҳаи хоҷагии мамлакат аҳамияти муҳими соҳавӣ дорад.Бозёфти нодир: Дар шаҳри Бохтар ду сиккаи давраи Темуриён ёфт шуд - аксЁдрас мешавем, ки пештар дар паи кошинҳои археологӣ дар ин ҷо бозёфтҳои нодири ду сиккаи давраи Темуриён ва кӯзаҳои шикаста ва сафолӣ ёфт шуданд.Ногуфта намонад, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба навоҳии Ховалинг ва Балҷувон барои омода намудани мутахассисони самти ҳифзи мероси миллӣ дар ёдгории бостонии қалъаи Бибихонуми шаҳри Бохтар корҳои ҳафриётӣ оғоз намуд.
https://sputnik.tj/20250917/vayronaho-shahri-bostoni-kuhiston-tojikiston-hifz-1071276348.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/0d/1069942746_0:55:1272:1009_1920x0_80_0_0_7cecab9e92c03cb1a9ece70ad2c0562e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кашфиёт, қалъаи бибихонум, бохтар
кашфиёт, қалъаи бибихонум, бохтар
Аз ғалладонагӣ то бозёфтҳои таърихӣ: Кашфиёти нав дар қалъаи Бибихонум
Ёдгориҳо аз ҷониби донишҷӯёни бахши таърихи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав зимни таҷрибаомӯзӣ ёфт шудаанд
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Дар қалъаи Бибихонуми шаҳри Бохтар миқдори зиёди бозёфтҳои давраҳои таърихӣ кашф карда шудааст.
Ҳамчунин дар паи ҳафриёт намунаҳои маҳсулоти ғалладонагӣ низ бозёфт шудааст.
Кашфиёти нав ҳангоми гузаронидани корҳои ҳафриётӣ аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Тоҷикистон кашф шудааст.
Ин ёдгориҳо бо ҷалби донишҷӯёни бахши таърихи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав зимни таҷрибаомӯзӣ кашф карда шуданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Гуфта мешавад, ки таҳқиқу омӯзиши бозёфтҳои бостоншиносӣ, хусусан ғалладонагӣ барои пешрафти соҳаи хоҷагии мамлакат аҳамияти муҳими соҳавӣ дорад.
Ёдрас мешавем, ки пештар дар паи кошинҳои археологӣ дар ин ҷо бозёфтҳои нодири ду сиккаи давраи Темуриён ва кӯзаҳои шикаста ва сафолӣ ёфт шуданд.
Ногуфта намонад, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба навоҳии Ховалинг ва Балҷувон барои омода намудани мутахассисони самти ҳифзи мероси миллӣ дар ёдгории бостонии қалъаи Бибихонуми шаҳри Бохтар корҳои ҳафриётӣ оғоз намуд.