https://sputnik.tj/20250917/vayronaho-shahri-bostoni-kuhiston-tojikiston-hifz-1071276348.html
Ҷовидона: Чӣ гуна вайронаҳои як шаҳри бостонӣ дар кӯҳистони Тоҷикистон ҳифз шудаанд?
Ҷовидона: Чӣ гуна вайронаҳои як шаҳри бостонӣ дар кӯҳистони Тоҷикистон ҳифз шудаанд?
Sputnik Тоҷикистон
Харобаҳои шаҳри қадимии шаҳри Карон дар деҳаи Рузваи ноҳияи Дарвози ВМКБ дар масофаи 8,5 км аз маркази ноҳия ҷойгиранд
2025-09-17T18:15+0500
2025-09-17T18:15+0500
2025-09-17T18:15+0500
видео
дар тоҷикистон
бозёфти таърихӣ
вмкб
осор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/11/1071277897_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_2e6f3a8bd0a51026cca50729b06c775f.jpg
Вайронаҳои ин шаҳри бостонӣ дар баландии 1500-1700 метр аз сатҳи баҳр, 1000 метр дуртар аз деҳаи Рузвай дар кӯҳи Зоик ҷойгир шудаанд.Бо сабаби бузургии масоҳати ин макон олимон тахмин мезананд, ки дар гузашта он шаҳри шоҳон ва макони ашроф буда, дар он шоҳ, хешовандон, лашкариён, ва хизматгоронаш зиндагӣ мекарданд.Сарчашмаҳои таърихӣ аз мавҷудияти шаҳри қадими Карон миёна хабар медиҳанд. Аммо, ин макон то ба наздикӣ ҳамчун мероси таърихӣ ва фарҳангӣ ва ҷозиб барои сайёҳон шинохта нашуда буд. Соли 2012 бостоншиносони тоҷик ва рус шаҳри Каронро дар ноҳияи Дарвоз кашф карданд.Бозёфти нодир: Дар шаҳри Бохтар ду сиккаи давраи Темуриён ёфт шуд - аксБояд қайд кард, ки мардуми маҳаллӣ ин ҷойро “Қалъаи кӯҳна меномиданд”. Бостоншиносон аллакай дар шаҳри Карон боқимондаҳои маъбади Панҷманораи оташ, маъбадҳои обу шамол, осиёби бодӣ, пораи китоб ва чанд бинои маъмуриро кашф кардаанд.Бо назардошти ин бозёфтҳо шаҳри Карон ба рӯйхати мероси нодири фарҳангӣ шомил карда шуд.Чӣ гуна аз бозёфтҳои бостонӣ дар Тоҷикистон метавон суди моддию маънавӣ гирифт?Ба шаҳри бостонии Карон метавон ба осонӣ аз Қалъаи Хумб, ки маркази ноҳияи Дарвоз аст, расид.
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/11/1071277897_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_ca3a5925171478dbf3c5ccc8b633d959.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, видео, карон, бозёфт, таърих, вайронаҳо, шаҳри бостонӣ
тоҷикистон, видео, карон, бозёфт, таърих, вайронаҳо, шаҳри бостонӣ
Ҷовидона: Чӣ гуна вайронаҳои як шаҳри бостонӣ дар кӯҳистони Тоҷикистон ҳифз шудаанд?
Харобаҳои шаҳри қадимии шаҳри Карон дар деҳаи Рузваи ноҳияи Дарвози ВМКБ дар масофаи 8,5 км аз маркази ноҳия ҷойгиранд
Вайронаҳои ин шаҳри бостонӣ дар баландии 1500-1700 метр аз сатҳи баҳр, 1000 метр дуртар аз деҳаи Рузвай дар кӯҳи Зоик ҷойгир шудаанд.
Бо сабаби бузургии масоҳати ин макон олимон тахмин мезананд, ки дар гузашта он шаҳри шоҳон ва макони ашроф буда, дар он шоҳ, хешовандон, лашкариён, ва хизматгоронаш зиндагӣ мекарданд.
Сарчашмаҳои таърихӣ аз мавҷудияти шаҳри қадими Карон миёна хабар медиҳанд. Аммо, ин макон то ба наздикӣ ҳамчун мероси таърихӣ ва фарҳангӣ ва ҷозиб барои сайёҳон шинохта нашуда буд. Соли 2012 бостоншиносони тоҷик ва рус шаҳри Каронро дар ноҳияи Дарвоз кашф карданд.
Бояд қайд кард, ки мардуми маҳаллӣ ин ҷойро “Қалъаи кӯҳна меномиданд”. Бостоншиносон аллакай дар шаҳри Карон боқимондаҳои маъбади Панҷманораи оташ, маъбадҳои обу шамол, осиёби бодӣ, пораи китоб ва чанд бинои маъмуриро кашф кардаанд.
Бо назардошти ин бозёфтҳо шаҳри Карон ба рӯйхати мероси нодири фарҳангӣ шомил карда шуд.
Ба шаҳри бостонии Карон метавон ба осонӣ аз Қалъаи Хумб, ки маркази ноҳияи Дарвоз аст, расид.