ВУХ Русия дар бораи узвияти кишварҳои нав дар ИИАО гуфт

© Sputnik / Сергей ГунеевЗдание Министерства иностранных дел РФ в Москве.
Здание Министерства иностранных дел РФ в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2025
Обуна шудан
Нозирон метавонанд дар маҷлисҳои ниҳодҳои ИИАО ширкат кунанд, суханронӣ намоянд ва мавқеи худро баён кунанд, аммо дар қабули қарор овоз надоранд, ёдовар шуд Вазорати корҳои хориҷии Русия
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дархостҳо барои мақоми нозирро баррасӣ мекунад.
Дар ин бора Микаэл Агасандян, мудири департаменти якуми кишварҳои ИДМ дар Вазорати корҳои хориҷии Русия дар мусоҳиба бо ТАСС изҳор дошт.

"Муроҷиатҳо барои мақоми нозир ҳастанд, <......>. Мақоми нозир маънои онро дорад, ки кишвар бо кор ошно мешавад, бодиққат аз назар мегузаронад: фоида чист, нуқсон чист ва ғайра. Ҳамчунин формати ёддоштҳои ҳамкорӣ байни Комиссияи иқтисодии АвруОсиё вуҷуд дорад, ин ҷо худи мақомоти иҷроия ва давлат метавонад масъалаҳоро дар бахши техникӣ шарҳ диҳад".

Ба гуфтаи дипломат, дар ҳоли ҳозир Иттиҳодияи Аврупо се нозир дорад: Узбекистон, Куба ва Эрон. Муроҷиатҳои дигар низ ҳастанд, аммо ҳоло онҳо дар ҳоли баррасианд, афзуд ӯ.
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2025
Вокуниши Кремл ба узвияти комили Эрон дар ИИАО
Тавре намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия тавзеҳ дод, нозирон метавонанд дар ҷаласаҳои мақомоти созмон ширкат кунанд, суханронӣ намоянд ва мавқеи худро баён кунанд, аммо онҳо дар қабули қарор овоз надоранд.
"Дар мавриди узвият, мушаххасан, то ҳол дархост вуҷуд надорад. Узвияти кишварҳои нав ба ИИАО ҳамчун узви комилҳуқуқ ҳанӯз интизор нест", - тавзеҳ дод Агасандян.
Қаблан Покистон хоҳиши пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро изҳор карда буд ва Никарагуа омода буд кишвари нозир шавад.
Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон низ борҳо бар манфиатҳои ҳузури Эрон дар ИИАО изҳор доштааст.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2015 самаранокии вуруд ба ИИАО-ро меомӯзад. Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст. Вай инчунин ба таҳкими муносибот дар дохили созмон таъкид намуд.
Дар миёнаҳои август вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад. Вай таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро дар мисоли Қирғизистону Арманистон баррасӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0