https://sputnik.tj/20250921/farrukh-khasanov-taassuroti-khudro-az-baromadi-khud-dar-intervidenie-nakl-kard-1071379817.html
Тоҷикистон бо ман буд: Таассуроти Фаррух Ҳасанов аз ҳунарнамоияш дар "Интервидение"
Тоҷикистон бо ман буд: Таассуроти Фаррух Ҳасанов аз ҳунарнамоияш дар "Интервидение"
Sputnik Тоҷикистон
Ҳунарпешаи тоҷик 344 бал ба даст оварда, тибқи эълони ҳакамон мақоми 5-умро касб кард
2025-09-21T12:44+0500
2025-09-21T12:44+0500
2025-09-21T13:39+0500
фарҳанг
интервидение
русия
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/15/1071374919_0:0:3025:1702_1920x0_80_0_0_6950055c350bad27911fcd0a32a1fbbb.jpg
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Фаррух Ҳасанов Тоҷикистонро дар Озмуни байналмилалии мусиқии "Интервидение" хуб намояндагӣ кард. Овозхони тоҷик дар ин озмун мақоми панҷумро аз худ намуд. Ҳакамон ба ӯ 344 хол доданд. Вай суруди эҷоди худӣ - "Фурӯзон бош!"-ро иҷро кард. Ҳасанов ин сурудро на ба забони модарӣ, балки ба забони русӣ сароид.Ба гуфтаи сароянда, ӯ дар озмун фазои бебаҳо ва масъулияти бузургро эҳсос кардааст. Ба ақидаи ӯ, "тамошобин дар Русия беҳамто аст". "Ман дар бисёр ҷойҳо ҳунарнамоӣ кардаам. Тамошобинон дар Русия чунин мардуми гарм, мусиқашинос ва нотакрор ҳастанд", - гуфт ӯ аз бархӯрди тамошобинон ба ҳунарнамоии ӯ дар "Интервидение".Фаррух мегӯяд, медонист, ки дар Ватан ҳамагӣ барояш мухлисӣ мекунанд.Ғолиби озмуни бонуфуз Дук Фук аз Ветнам шуд. Қирғизистон ҷои дуюмро гирифт. Сегонаи "Номад" 373 хол гирифт. Ҷойи сеюм насиби Қатар шуд, ки онро Дана Ал-Мир бо таронаи "Huwa Dha Anta" ("Инак ту ҳастӣ") намояндагӣ кард. Қобили зикр аст, ки сарояндаи рус Шаман аз ҳайати доварон хост, ки ҳунарнамоии ӯро баҳо надиҳанд: ба хотири меҳмоннавозӣ, ӯ ҳаққи ғолибият надошт. Ҳамчунин эълом шуд, ки "Интервидение" соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20250824/farrukh-hasanov-intervidenie-tojikiston-1070324716.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/15/1071374919_276:0:3007:2048_1920x0_80_0_0_ef75d46667d91f6824313368450b7b83.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таассурот, фаррух ҳасанов, интервидение
таассурот, фаррух ҳасанов, интервидение
Тоҷикистон бо ман буд: Таассуроти Фаррух Ҳасанов аз ҳунарнамоияш дар "Интервидение"
12:44 21.09.2025 (Навсозишуда: 13:39 21.09.2025) Ҳунарпешаи тоҷик 344 бал ба даст оварда, тибқи эълони ҳакамон мақоми 5-умро касб кард
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Фаррух Ҳасанов Тоҷикистонро дар Озмуни байналмилалии мусиқии "Интервидение" хуб намояндагӣ кард.
Овозхони тоҷик дар ин озмун мақоми панҷумро аз худ намуд. Ҳакамон ба ӯ 344 хол доданд. Вай суруди эҷоди худӣ - "Фурӯзон бош!"-ро иҷро кард. Ҳасанов ин сурудро на ба забони модарӣ, балки ба забони русӣ сароид.
Ба гуфтаи сароянда, ӯ дар озмун фазои бебаҳо ва масъулияти бузургро эҳсос кардааст.
"Ман мехостам, ки ҳунарнамоям комил бошад. Умедворам, ки шумо низ мисли ман дар ин саҳна аз ин ҳунарнамоӣ баҳра бурдед", - нақл кард овозхони тоҷик аз таассуроташ дар рӯи саҳна.
Ба ақидаи ӯ, "тамошобин дар Русия беҳамто аст".
"Ман дар бисёр ҷойҳо ҳунарнамоӣ кардаам. Тамошобинон дар Русия чунин мардуми гарм, мусиқашинос ва нотакрор ҳастанд", - гуфт ӯ аз бархӯрди тамошобинон ба ҳунарнамоии ӯ дар "Интервидение".
Фаррух мегӯяд, медонист, ки дар Ватан ҳамагӣ барояш мухлисӣ мекунанд.
"Ҳоло тамоми Тоҷикистон бо ман аст. Ман инро эҳсос мекунам. Ба ҳама раҳмати калон мефиристам!", - гуфт Ҳасанов.
Ғолиби озмуни бонуфуз Дук Фук аз Ветнам шуд. Қирғизистон ҷои дуюмро гирифт.
Сегонаи "Номад" 373 хол гирифт. Ҷойи сеюм насиби Қатар шуд, ки онро Дана Ал-Мир бо таронаи "Huwa Dha Anta" ("Инак ту ҳастӣ") намояндагӣ кард.
Қобили зикр аст, ки сарояндаи рус Шаман аз ҳайати доварон хост, ки ҳунарнамоии ӯро баҳо надиҳанд: ба хотири меҳмоннавозӣ, ӯ ҳаққи ғолибият надошт.
Ҳамчунин эълом шуд, ки "Интервидение" соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.