https://sputnik.tj/20250824/farrukh-hasanov-intervidenie-tojikiston-1070324716.html
Фаррух Ҳасанов имкони пирӯзии худро дар "Интервидение" арзёбӣ кард
Фаррух Ҳасанов имкони пирӯзии худро дар "Интервидение" арзёбӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҳунарманди тоҷик ба ҳар як иштирокчии озмуни байналмиллалӣ таманно кард, ки ҳунарнамоии сазовор ва намоиши хуб дошта бошанд
2025-08-24T10:30+0500
2025-08-24T10:30+0500
2025-08-24T13:53+0500
интервидение
фарҳанг
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/16/1070290028_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_d4d7207c0ca09b6377ea657bffb2181e.jpg
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Барои иштирокчиёни озмуни байналмиллалии мусиқии "Интервидение" аз ҳама муҳим ташкили консерти афсонавии таърихист. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон намояндаи ҷумҳурӣ дар ин чорабинӣ Фаррух Ҳасанов гуфт. Вай инчунин иқрор шуд, ки аллакай ҳунармандони кишварҳои дигар,ро ки дар ин озмун ширкат доранд, аз назар гузаронидааст. "Ман танҳо ба ҳар яки онҳо иштироки арзанда таманно дорам. Ва муҳимтар аз ҳама он аст, ки ҳамаи мо битвонем як намоиши воқеӣ эҷод кунем", - қайд кард Ҳасанов. Сароянда ҳамчунин аз пирӯзии худ дар лоиҳаи мусиқии русии "Биё, ҳама якҷоя!" ёдовар шуд, ки воқеан як трамплин дар ҳаёти овозхони ҷавон шуд. "Баъд аз "Ну-ка все вместе" ман аз фурсат истифода бурдам — сурудҳои нав ба нав ҳам ба забони русӣ ва ҳам ба забони модариам — точикӣ", — гуфт Фаррух Ҳасанов.Тибқи маълумоти мавҷуда, тақрибан 20 кишвари ҷаҳон ширкати худро дар озмуни мусиқии Intervision 2025 тасдиқ кардаанд. Ин чорабинӣ рӯзи 20 сентябр дар Live Arena дар Маскав баргузор мешавад. Ҳар як кишвар метавонад аз ҷониби як иҷрогар ё гурӯҳ иштирок кунад.
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/16/1070290028_71:0:1210:854_1920x0_80_0_0_412163f857f009cf8eed2dd1743a778e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фаррух ҳасанов, "интервидение"
фаррух ҳасанов, "интервидение"
Фаррух Ҳасанов имкони пирӯзии худро дар "Интервидение" арзёбӣ кард
10:30 24.08.2025 (Навсозишуда: 13:53 24.08.2025) Эксклюзив
Ҳунарманди тоҷик ба ҳар як иштирокчии озмуни байналмиллалӣ таманно кард, ки ҳунарнамоии сазовор ва намоиши хуб дошта бошанд
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Барои иштирокчиёни озмуни байналмиллалии мусиқии "Интервидение" аз ҳама муҳим ташкили консерти афсонавии таърихист.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон намояндаи ҷумҳурӣ дар ин чорабинӣ Фаррух Ҳасанов гуфт.
"Дар ин вазъият намехоҳам аз ҳад зиёд худбовар бошам, намегӯям, ки пирӯзӣ аз они ман аст, не. Ман кӯшиш мекунам, дӯстон, мисли ҳамаи ширкаткунандагон, то шонс дошта бошам кишвари худро дар сатҳи олӣ муаррифӣ кунем", - нақл кард ҳунарманд.
Вай инчунин иқрор шуд, ки аллакай ҳунармандони кишварҳои дигар,ро ки дар ин озмун ширкат доранд, аз назар гузаронидааст.
"Ман танҳо ба ҳар яки онҳо иштироки арзанда таманно дорам. Ва муҳимтар аз ҳама он аст, ки ҳамаи мо битвонем як намоиши воқеӣ эҷод кунем", - қайд кард Ҳасанов.
Сароянда ҳамчунин аз пирӯзии худ дар лоиҳаи мусиқии русии "Биё, ҳама якҷоя!" ёдовар шуд, ки воқеан як трамплин дар ҳаёти овозхони ҷавон шуд.
"Баъд аз "Ну-ка все вместе" ман аз фурсат истифода бурдам — сурудҳои нав ба нав ҳам ба забони русӣ ва ҳам ба забони модариам — точикӣ", — гуфт Фаррух Ҳасанов.
Тибқи маълумоти мавҷуда, тақрибан 20 кишвари ҷаҳон ширкати худро дар озмуни мусиқии Intervision 2025 тасдиқ кардаанд.
Ин чорабинӣ рӯзи 20 сентябр дар Live Arena дар Маскав баргузор мешавад. Ҳар як кишвар метавонад аз ҷониби як иҷрогар ё гурӯҳ иштирок кунад.