https://sputnik.tj/20250921/ahmadzoda-istefo-krestinin-napaziruft-1071383308.html
Аҳмадзода истеъфои сармураббии "Хуҷанд" Александр Крестининро напазируфт
Аҳмадзода истеъфои сармураббии "Хуҷанд" Александр Крестининро напазируфт
Sputnik Тоҷикистон
Пештар роҳбарияти дастаи "Хуҷанд" аз барканории Александр Крестинин аз мақоми сармураббии ин даста хабар дода буд
2025-09-21T16:34+0500
2025-09-21T16:34+0500
2025-09-22T11:13+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
александр крестинин
сармураббӣ
сабаби истеъфо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/16/1071397334_0:0:1024:577_1920x0_80_0_0_72d7ca85bd60921bd648af0428b80964.jpg
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Раиси вилояти Суғд истеъфои сармураббии "Хуҷанд" Александр Крестининро қабул накард.Дар ин бора директори даста Фаррух Марофиев ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.Ин дар ҳолест, ки пештар роҳбарияти дастаи "Хуҷанд" аз барканории Александр Крестинин аз мақоми сармураббии ин даста хабар дод. “Дастаи футболи "Хуҷанд" ва сармураббӣ Александр Крестинин бо мувофиқаи тарафайн шартномаро қатъ карданд”, - хабар дода буд, дафтари матбуоти ин даста.Ва баъди ҷаласа бо раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода, ки Марофиев низ дар он ширкат доштааст, маълум шуд, ки сармураббӣ фаъолияташро идома хоҳад дод.Ба гуфтаи ӯ, Аҳмадзода қарор кард, то аризаи мутахассиси рус Александр Крестининро дар бораи истеъфо қабул накунад. Ҳамакнун, мутахассиси рус фаъолияти худро бо даста идома медиҳад.Александр Крестинин 3 июли соли 2025 ба ҳайси сармураббии дастаи "Хуҷанд" таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом Рустам Хоҷаевро иваз кард.Мураббии номдори рус дар гузашта дар чандин дастаҳои лигаҳои олии Қирғизистон ва Ӯзбекистон фаъолият намуда, солҳои охир сармураббии тими миллии Қирғизистон буд ва дар рушди футбол дар минтақа саҳми назаррас гузоштааст.
https://sputnik.tj/20250717/khojaev-sabab-raftan-khujand-1069078585.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/16/1071397334_83:0:994:683_1920x0_80_0_0_38609480d4ba66424fd3fa484f846aa6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аҳмадзода, истеъфои сармураббии "хуҷанд",
аҳмадзода, истеъфои сармураббии "хуҷанд",
Аҳмадзода истеъфои сармураббии "Хуҷанд" Александр Крестининро напазируфт
16:34 21.09.2025 (Навсозишуда: 11:13 22.09.2025) Эксклюзив
Пештар роҳбарияти дастаи "Хуҷанд" аз барканории Александр Крестинин аз мақоми сармураббии ин даста хабар дода буд
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Раиси вилояти Суғд истеъфои сармураббии "Хуҷанд" Александр Крестининро қабул накард.
Дар ин бора директори даста Фаррух Марофиев ба
Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ин дар ҳолест, ки пештар роҳбарияти дастаи "Хуҷанд" аз барканории Александр Крестинин аз мақоми сармураббии ин даста хабар дод.
“Дастаи футболи "Хуҷанд" ва сармураббӣ Александр Крестинин бо мувофиқаи тарафайн шартномаро қатъ карданд”, - хабар дода буд, дафтари матбуоти ин даста.
Ва баъди ҷаласа бо раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода, ки Марофиев низ дар он ширкат доштааст, маълум шуд, ки сармураббӣ фаъолияташро идома хоҳад дод.
Ба гуфтаи ӯ, Аҳмадзода қарор кард, то аризаи мутахассиси рус Александр Крестининро дар бораи истеъфо қабул накунад.
Ҳамакнун, мутахассиси рус фаъолияти худро бо даста идома медиҳад.
Александр Крестинин 3 июли соли 2025 ба ҳайси сармураббии дастаи "Хуҷанд" таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом Рустам Хоҷаевро иваз кард.
Мураббии номдори рус дар гузашта дар чандин дастаҳои лигаҳои олии Қирғизистон ва Ӯзбекистон фаъолият намуда, солҳои охир сармураббии тими миллии Қирғизистон буд ва дар рушди футбол дар минтақа саҳми назаррас гузоштааст.