https://sputnik.tj/20250920/tojikiston-tarh-naqliyoti-avruosiyo-1071347779.html
Тоҷикистон ба тарҳи нақлиётии АвруОсиё чӣ қадар сармоягузорӣ кардааст?
Тоҷикистон ба тарҳи нақлиётии АвруОсиё чӣ қадар сармоягузорӣ кардааст?
Sputnik Тоҷикистон
ETK ба таъсиси як маркази нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад, ки ба афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард
2025-09-20T15:39+0500
2025-09-20T15:39+0500
2025-09-20T15:39+0500
нақлиёт
баор
сармоягузорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1d/1043166325_0:167:2048:1319_1920x0_80_0_0_a709798e727971b147b788e0d7c974ef.jpg
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тоҷикистон дар тарҳи ҳамлу нақли АвруОсиё миллиардҳо доллар сармоягузорӣ кардааст. Инро таҳлилгарони Бонки АвруОсиёии Рушд ҳисоб кардаанд. Ба гуфтаи мутахассисони БАОР, кишвар ба ин тарҳ 5,0 млрд доллар сармоягузорӣ кардааст. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 234,1 млрд доллар арзёбӣ мешавад. Таҳлилгарон қайд мекунанд, ки Русия саҳми аз ҳама бештарро дорад, ки сармояи он 137,1 млрд долларро ташкил медиҳад.Дар маблағгузории лоиҳа дар маҷмӯъ 13 кишвар ширкат доранд: Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбекистон, Муғулистон, Эрон, Арманистон, Гурҷистон, Афғонистон, Белорус ва Озарбойҷон. Ҳисоботи таҳлилгарон нишон медиҳад, ки камтарин ҳиссаи сармоягузорӣ ба Белорус (1,2 миллиард) ва Озарбойҷон (2,1 миллиард) рост меояд. Тарҳи нақлиётии АвруОсиё як шабакаи долонҳо ва масирҳои байналмилалии нақлиётии ба ҳам пайвастшуда мебошад, ки пайвастагии дохиливу фаромарзӣ дар саросари Авруосиёро таъмин мекунанд.Рушди тарҳ ба ташкили маркази нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, ба афзоиши ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзитӣ саҳм мегузорад.
https://sputnik.tj/20250705/tojikiston-raf-moneaho-tijorat-naqliyot-kishvarho-shi-pushtiboni-1068659792.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1d/1043166325_255:185:1807:1349_1920x0_80_0_0_77868bb24fc648eee206e47eca7f3b04.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саҳми тоҷикистон, тарҳи нақлиётӣ, авруосиё
саҳми тоҷикистон, тарҳи нақлиётӣ, авруосиё
Тоҷикистон ба тарҳи нақлиётии АвруОсиё чӣ қадар сармоягузорӣ кардааст?
Таъсиси як маркази нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ ба афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тоҷикистон дар тарҳи ҳамлу нақли АвруОсиё миллиардҳо доллар сармоягузорӣ кардааст.
Инро таҳлилгарони Бонки АвруОсиёии Рушд ҳисоб кардаанд.
Ба гуфтаи мутахассисони БАОР, кишвар ба ин тарҳ 5,0 млрд доллар сармоягузорӣ кардааст.
Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 234,1 млрд доллар арзёбӣ мешавад. Таҳлилгарон қайд мекунанд, ки Русия саҳми аз ҳама бештарро дорад, ки сармояи он 137,1 млрд долларро ташкил медиҳад.
Дар маблағгузории лоиҳа дар маҷмӯъ 13 кишвар ширкат доранд: Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбекистон, Муғулистон, Эрон, Арманистон, Гурҷистон, Афғонистон, Белорус ва Озарбойҷон.
Ҳисоботи таҳлилгарон нишон медиҳад, ки камтарин ҳиссаи сармоягузорӣ ба Белорус (1,2 миллиард) ва Озарбойҷон (2,1 миллиард) рост меояд.
Тарҳи нақлиётии АвруОсиё як шабакаи долонҳо ва масирҳои байналмилалии нақлиётии ба ҳам пайвастшуда мебошад, ки пайвастагии дохиливу фаромарзӣ дар саросари Авруосиёро таъмин мекунанд.
Рушди тарҳ ба ташкили маркази нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, ба афзоиши ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзитӣ саҳм мегузорад.