https://sputnik.tj/20250705/tojikiston-raf-moneaho-tijorat-naqliyot-kishvarho-shi-pushtiboni-1068659792.html
Тоҷикистон аз рафъи монеаҳои тиҷоратӣ ва нақлиётӣ миёни кишварҳои СҲИ пуштибонӣ мекунад
Тоҷикистон аз рафъи монеаҳои тиҷоратӣ ва нақлиётӣ миёни кишварҳои СҲИ пуштибонӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон пешниҳод кард, ки ба манзури баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти ҳамкорӣ дар ин самт барои рақамисозии асноди транзитӣ ва нақлиётӣ чораҳо... 05.07.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-07-05T16:16+0500
2025-07-05T16:16+0500
2025-07-05T16:20+0500
эмомалӣ раҳмон
озарбойҷон
сҳи
иқтисод
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/05/1068656399_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_2831254ba056847fb2c01e772b3b5fb7.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Тоҷикистон аз масъалаҳои рафъи монеаҳо миёни кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соҳаи тиҷорат ва нақлиёт пуштибонӣ мекунад.Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар, дар нишасти XVII сарони СҲИ изҳор дошт. Ҳамчунин, Раҳмон пешниҳод кардааст, ки ба манзури афзоиши муассирӣ ва шаффофияти ҳамкорӣ дар ин замина барои рақамисозии асноди транзитӣ ва ҳамлу нақл тадобир андешида шавад.Ба бовари ӯ, ин ба густариши тиҷорат ва амнияти он ва сарфаи вақт ва афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли байналмилалӣ мусоидат мекунад.Раҳмон қайд кард, ки дар соли 2024 ҳиссаи муомилоти моли Тоҷикистон бо кишварҳои СҲИ 33 дарсади ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣро ташкил дода, ин нишондод нисбат ба соли 2023 18 дарсад афзоиш ёфтааст. Рӯзҳои 3-4 июл дар Хонкандӣ нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор шуд. Дар кори он сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, ташкилотҳои байналхалқӣ, вазирон, намояндагони мамлакатҳои нозири ин ташкилот иштирок доштанд. СҲИ сохтори байнидавлатии иқтисодист, ки соли 1985 таъсис ёфтааст. Ба он Тоҷикистон, Эрон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Туркия ва Узбекистон шомиланд.
https://sputnik.tj/20250704/rahmon-ozarboyjon-pizishkiyon-muloqot-kard-1068640138.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/05/1068656399_199:0:2930:2048_1920x0_80_0_0_dfc3eb193d7237f6bc70619ab3356c0e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, озарбойҷон, сҳи, иқтисод, дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон, озарбойҷон, сҳи, иқтисод, дар тоҷикистон
Тоҷикистон аз рафъи монеаҳои тиҷоратӣ ва нақлиётӣ миёни кишварҳои СҲИ пуштибонӣ мекунад
16:16 05.07.2025 (Навсозишуда: 16:20 05.07.2025) Раҳмон пешниҳод кард, ки ба манзури баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти ҳамкорӣ дар ин самт барои рақамисозии асноди транзитӣ ва нақлиётӣ чораҳо андешида шавад
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Тоҷикистон аз масъалаҳои рафъи монеаҳо миёни кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соҳаи тиҷорат ва нақлиёт пуштибонӣ мекунад.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар, дар нишасти XVII сарони СҲИ изҳор дошт.
"Аз ҷониби Тоҷикистон дар масъалаи рафъи монеаҳои тиҷорӣ ва нақлиётӣ, содагардонии транзит, инчунин пайваст кардани шабакаҳои автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоии кишварҳои узв дастгирӣ карда шуд", - изҳор дошт хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Ҳамчунин, Раҳмон пешниҳод кардааст, ки ба манзури афзоиши муассирӣ ва шаффофияти ҳамкорӣ дар ин замина барои рақамисозии асноди транзитӣ ва ҳамлу нақл тадобир андешида шавад.
Ба бовари ӯ, ин ба густариши тиҷорат ва амнияти он ва сарфаи вақт ва афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Раҳмон қайд кард, ки дар соли 2024 ҳиссаи муомилоти моли Тоҷикистон бо кишварҳои СҲИ 33 дарсади ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣро ташкил дода, ин нишондод нисбат ба соли 2023 18 дарсад афзоиш ёфтааст.
Рӯзҳои 3-4 июл дар Хонкандӣ нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор шуд. Дар кори он сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, ташкилотҳои байналхалқӣ, вазирон, намояндагони мамлакатҳои нозири ин ташкилот иштирок доштанд.
СҲИ сохтори байнидавлатии иқтисодист, ки соли 1985 таъсис ёфтааст. Ба он Тоҷикистон, Эрон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Туркия ва Узбекистон шомиланд.