https://sputnik.tj/20250920/maskav-sputnikpro-dar-zubovskiy-1071349314.html
Дар Маскав мавсими сеюми лоиҳаи "SputnikPro дар Зубовский" баргузор шуд
Дар Маскав мавсими сеюми лоиҳаи "SputnikPro дар Зубовский" баргузор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзноманигорони аз тамоми г=шаю канори дунё дар лексияҳои коршиносони варзидаи агентии "Россия сегодня" иштирок намуда, донишҳои гирифтаи худро дар амал татбиқ намуданд
2025-09-20T11:47+0500
2025-09-20T11:47+0500
2025-09-22T12:55+0500
маориф
навгониҳои соҳаи журналистика
sputnik
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/13/1071335390_0:67:1278:786_1920x0_80_0_0_a52edb79e7b2d9fd1ee0c879da97454f.png
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Аз 15 то 19 сентябр дар дафтари расонаҳои гурӯҳии "Россия сегодня" дар Маскав модули ниҳоии барномаи солона барои рӯзноманигорон, блогерҳо, менеҷерони шабакаҳои иҷтимоӣ ва мутахассисони PR аз кишварҳои ИДМ баргузор гардид. Иштирокчиён дар 13 дарси маҳорат ва лексияҳои кормандони пешбари агентӣ оид ба самтҳои асосии ВАО муосир маълумот гирифтанд. Дар доираи дарс оид ба ташкили каналҳои Telegram иштирокчиён фавран малака ва дониши нави худро дар амал татбиқ намуданд. Мамъалаи ҳамкорӣ бо ҳамдигар ва ба назар гирифтани манфиати ҳамкасбон аз кишварҳои гуногун низ шавқу завқи ин корро афзун намуд. Иштирокчиён бояд дар давоми панҷ рӯз консепсия ва мавзӯи каналро таҳия мекарданд, паёмҳоро дар форматҳои гуногун нашр кунанд, аз усулҳои гуногуни таблиғот истифода баранд ва шумораи ҳадди аксари муштариёнро ба канали хуб ҷалб намоянд.Дар рӯзи ниҳоии тренинг муаррифии канал ва омӯзиши муфассали мисолҳои касбии коршиносони Sputnik пешкаш мешавад.Барои аксари иштирокчиёни модул, ин кори лоиҳа аввалин имкони санҷидани қувваи худ, дар яке аз мавқеъҳои серталаби ВАО – таҳрири канали Telegram буд. Дар барномаи моҳи сентябр рӯзноманигорони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Абхозистон, Арманистон ва Белорус ширкат карданд. Аммо иштироккунандагони барномаи Маскав на танҳо донишу малакаи нав мегиранд. Ҷамъияти касбӣ ва дӯстонаи хатмкунандагони барнома сол то сол меафзояд. "Маскав ва SputnikPro дар Зубовский моро муттаҳид ва дӯстӣ карданд", - қайд мекунанд иштирокчиён дар охири ҳар як модул ва дониши дар ин ҷо гирифташуда ба онҳо барои рушди касбӣ такони нав мебахшад. Рӯзноманигорони ИДМ дар лоиҳаи "SputnikPro дар Зубовский" ширкат кардандДавоми се сол дар дафтари Маскав 12 модули барномаи "SputnikPro дар Зубовский" анҷом дода шуд, ки ба 144 хабарнигор аз 11 кишвари ҳамсоя имкон дод, то бо фаъолияти оҷонсӣ ошно шавад ва маҳорати касбии худро такмил диҳанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/13/1071335390_71:0:1207:852_1920x0_80_0_0_4e82910ab2f31193c05a9c2748a7d4ef.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мавсими сеюм, лоиҳаи "sputnikpro дар зубовский"
мавсими сеюм, лоиҳаи "sputnikpro дар зубовский"
Дар Маскав мавсими сеюми лоиҳаи "SputnikPro дар Зубовский" баргузор шуд
11:47 20.09.2025 (Навсозишуда: 12:55 22.09.2025) Рӯзноманигорон аз тамоми гӯшаю канори дунё дар лексияҳои коршиносони варзидаи агентии "Россия сегодня" иштирок намуда, дониши гирифтаи худро дар амал татбиқ намуданд
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Аз 15 то 19 сентябр дар дафтари расонаҳои гурӯҳии "Россия сегодня" дар Маскав модули ниҳоии барномаи солона барои рӯзноманигорон, блогерҳо, менеҷерони шабакаҳои иҷтимоӣ ва мутахассисони PR аз кишварҳои ИДМ баргузор гардид.
Иштирокчиён дар 13 дарси маҳорат ва лексияҳои кормандони пешбари агентӣ оид ба самтҳои асосии ВАО муосир маълумот гирифтанд.
Дар доираи дарс оид ба ташкили каналҳои Telegram иштирокчиён фавран малака ва дониши нави худро дар амал татбиқ намуданд.
Мамъалаи ҳамкорӣ бо ҳамдигар ва ба назар гирифтани манфиати ҳамкасбон аз кишварҳои гуногун низ шавқу завқи ин корро афзун намуд.
Иштирокчиён бояд дар давоми панҷ рӯз консепсия ва мавзӯи каналро таҳия мекарданд, паёмҳоро дар форматҳои гуногун нашр кунанд, аз усулҳои гуногуни таблиғот истифода баранд ва шумораи ҳадди аксари муштариёнро ба канали хуб ҷалб намоянд.
"Мулоқот бо ҳайати таҳририя, коршиносон ва таҷрибаомӯзон воқеан олиҷаноб буд. Ба ман кор бо шабакаҳои нейронӣ низ маъқул шуд, чун худ низ бо шабакаҳои нейронӣ кор мекунам. Ман тасвирҳои визуалӣ эҷод мекунам, то тамошобинонро ҷалб кунанд. Ва ин хеле муҳим аст," - гуфт Муаззам Норова ширкаткунанда аз Тоҷикистон.
Дар рӯзи ниҳоии тренинг муаррифии канал ва омӯзиши муфассали мисолҳои касбии коршиносони Sputnik пешкаш мешавад.
Барои аксари иштирокчиёни модул, ин кори лоиҳа аввалин имкони санҷидани қувваи худ, дар яке аз мавқеъҳои серталаби ВАО – таҳрири канали Telegram буд.
Дар барномаи моҳи сентябр рӯзноманигорони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Абхозистон, Арманистон ва Белорус ширкат карданд.
Аммо иштироккунандагони барномаи Маскав на танҳо донишу малакаи нав мегиранд. Ҷамъияти касбӣ ва дӯстонаи хатмкунандагони барнома сол то сол меафзояд.
"Маскав ва SputnikPro дар Зубовский моро муттаҳид ва дӯстӣ карданд", - қайд мекунанд иштирокчиён дар охири ҳар як модул ва дониши дар ин ҷо гирифташуда ба онҳо барои рушди касбӣ такони нав мебахшад.
Давоми се сол дар дафтари Маскав 12 модули барномаи "SputnikPro дар Зубовский" анҷом дода шуд, ки ба 144 хабарнигор аз 11 кишвари ҳамсоя имкон дод, то бо фаъолияти оҷонсӣ ошно шавад ва маҳорати касбии худро такмил диҳанд.