https://sputnik.tj/20250816/ruznomanigoron-idm-loiha-sputnikpro-maskaw-1070087980.html
Рӯзноманигорони ИДМ дар лоиҳаи "SputnikPro дар Зубовский" ширкат карданд
Рӯзноманигорони ИДМ дар лоиҳаи "SputnikPro дар Зубовский" ширкат карданд
Sputnik Тоҷикистон
Тарҳи ҷадид ба кор бо абзорҳо дар расонаҳои муосир - таблиғи мавод, истифодаи чатботҳо ва зеҳнм сунъӣ бахшида шуд
2025-08-16T16:18+0500
2025-08-16T16:18+0500
2025-08-16T16:18+0500
рӯзноманигорон
идм
русия
лоиҳа
маориф
sputnik
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/0f/1070046707_0:315:3071:2042_1920x0_80_0_0_757f3955e72187681eddc435b91e63fd.jpg
Аз 11 то 15 август дар дафтари гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" модули ёздаҳуми лоиҳаи рӯзноманигорони кишварҳои ИДМ "SputnikPro дар Зубовский" баргузор гардид. Кормандони пешбари агентӣ оид ба самтҳои асосии рушди ВАО-и муосир: кор ва таблиғи мундариҷаи иттилоотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, наворбардорӣ дар студияи виртуалӣ, чатботҳо ва дигар воситаҳои зеҳни сунъӣ дар кори медиа дарсҳои маҳорат ва амалӣ гузарониданд. Ғайр аз ин, дар бораи кори журналистон дар нуқтаҳои "гарм" суҳбат барпо гардид.Қариб ҳар як баромадкунанда дар вохӯриҳои худ қайд кард, ки имрӯз барои рӯзноманигорон ва ВАО муҳим аст, ки зуд вокуниш нишон диҳанд ва ба воқеияти нав мутобиқ шаванд, ки таваҷҷӯҳи шунавандагон дар муддати кӯтоҳ ва зуд тағйир меёбад. Кор бо маводи иттилоотӣ низ набояд аз ин тамоюл қафо монад.Иштирокчиён тавонистанд, дониши андӯхтаро дар чорчӯби бозӣ ҳангоми таъсис ва таблиғи канали худ дар Telegram дар амал татбиқ намоянд. Ҳар як даста консепсия, мавзӯи каналро таҳия карда, маводҳоро нашр кард ва ба қадри имкон талош кард, ки канали худро таблиғ кунад ва обуначиён пайдо намояд.Дар рӯзи ниҳоии тренинг ширкаткунандагон каналҳои худро муаррифӣ карданд ва аз коршиносони Sputnik тавсияҳои муфассали касбӣ гирифтанд. Барои бисёриҳо, ин кори лоиҳа аввалин имкон буд, ки худро дар мавқеи серталаб дар ВАО - муҳаррири канали Telegram санҷад.Зеҳни сунъӣ дар журналистика: дарси маҳорати SputnikPRO барои ҷавонон дар Душанбе: аксДар барномаи моҳи август рӯзноманигорони Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон ширкат доштанд. Ҷузъи муҳими чунин барномаҳо аз он иборат аст, ки ширкаткунандагон аз Маскав бо робитаҳо ва дӯстони нави касбӣ - иштирокчиёни лоиҳа аз кишварҳои ҳамсоя мераванд. "Маскав ва "СпутникПро дар Зубовский" моро муттадид намуда, дӯст гардонд, — қайд мекунанд иштироккунандагони лоиҳа дар охири ҳар як модули барнома ва дониши дар ин чо гирифта ба кори касбии онҳо такони нав мебахшад.
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/0f/1070046707_246:0:2977:2048_1920x0_80_0_0_89ecf415449b56e32bec9edbf0ac2ec9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯзноманигорон, идм, "sputnikpro дар зубовский",
рӯзноманигорон, идм, "sputnikpro дар зубовский",
Рӯзноманигорони ИДМ дар лоиҳаи "SputnikPro дар Зубовский" ширкат карданд
Тарҳи ҷадид ба кор бо абзорҳо дар расонаҳои муосир - таблиғи мавод, истифодаи чатботҳо ва зеҳнм сунъӣ бахшида шуд
Аз 11 то 15 август дар дафтари гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" модули ёздаҳуми лоиҳаи рӯзноманигорони кишварҳои ИДМ "SputnikPro дар Зубовский" баргузор гардид.
Кормандони пешбари агентӣ оид ба самтҳои асосии рушди ВАО-и муосир: кор ва таблиғи мундариҷаи иттилоотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, наворбардорӣ дар студияи виртуалӣ, чатботҳо ва дигар воситаҳои зеҳни сунъӣ дар кори медиа дарсҳои маҳорат ва амалӣ гузарониданд.
Ғайр аз ин, дар бораи кори журналистон дар нуқтаҳои "гарм" суҳбат барпо гардид.
Қариб ҳар як баромадкунанда дар вохӯриҳои худ қайд кард, ки имрӯз барои рӯзноманигорон ва ВАО муҳим аст, ки зуд вокуниш нишон диҳанд ва ба воқеияти нав мутобиқ шаванд, ки таваҷҷӯҳи шунавандагон дар муддати кӯтоҳ ва зуд тағйир меёбад.
Кор бо маводи иттилоотӣ низ набояд аз ин тамоюл қафо монад.
Иштирокчиён тавонистанд, дониши андӯхтаро дар чорчӯби бозӣ ҳангоми таъсис ва таблиғи канали худ дар Telegram дар амал татбиқ намоянд. Ҳар як даста консепсия, мавзӯи каналро таҳия карда, маводҳоро нашр кард ва ба қадри имкон талош кард, ки канали худро таблиғ кунад ва обуначиён пайдо намояд.
Дар рӯзи ниҳоии тренинг ширкаткунандагон каналҳои худро муаррифӣ карданд ва аз коршиносони Sputnik тавсияҳои муфассали касбӣ гирифтанд. Барои бисёриҳо, ин кори лоиҳа аввалин имкон буд, ки худро дар мавқеи серталаб дар ВАО - муҳаррири канали Telegram санҷад.
Дар барномаи моҳи август рӯзноманигорони Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон ширкат доштанд.
Ҷузъи муҳими чунин барномаҳо аз он иборат аст, ки ширкаткунандагон аз Маскав бо робитаҳо ва дӯстони нави касбӣ - иштирокчиёни лоиҳа аз кишварҳои ҳамсоя мераванд.
"Маскав ва "СпутникПро дар Зубовский" моро муттадид намуда, дӯст гардонд, — қайд мекунанд иштироккунандагони лоиҳа дар охири ҳар як модули барнома ва дониши дар ин чо гирифта ба кори касбии онҳо такони нав мебахшад.