Аз китобҳои дарсӣ то ҷалби омӯзгорон: Вазирони Тоҷикистону Русия чиро баррасӣ карданд

© Foto / Министерство образования и науки Республики ТаджикистанВиртуальная встреча Министра образования и науки Республики Таджикистан Рахима Саидзоды с Министром образования Российской Федерации Сергеем Кравцовым
Виртуальная встреча Министра образования и науки Республики Таджикистан Рахима Саидзоды с Министром образования Российской Федерации Сергеем Кравцовым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2025
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистону Русия аз сатҳи феълӣ ва рӯ ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуданд.
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Ахиран вохӯрии маҷозии вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо вазири маорифи Русия Сергей Кравтсов баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати маорифи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттлои манбаъ, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо аз сатҳи феълӣ ва рӯ ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуданд.
“Муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар самти маориф ба сатҳи нави сифатӣ расида, ҳамкориҳои судманду созанда ҷараён доранд”, - гуфт вазири маорифи Тоҷикистон.
Раҳим Саидзода қайд кард, ки муносибат миёни Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф намунаи равшани ҳамкориҳои дӯстона, некхоҳона ва ҳасана мебошанд.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар ҷараёни вохӯрии маҷозӣ як қатор масъалаҳо, аз ҷумла, сохтмони Марказ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе, ки дар ҳамкорӣ бо тарафи Русия ба нақша гирифта шудааст, нашр ва дастраснамоии китобҳои дарсӣ аз фанни забони русӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки бо забони русӣ таълим медиҳанд, инчунин барои муассисаҳое, ки синфҳои русӣ доранд, Лоиҳаи омӯзгори забони русӣ дар хориҷ, ки дар доираи он мутахассисони соҳавӣ барои омӯзиши босифати забони русӣ ба Тоҷикистон ҷалб мегарданд баррасӣ шуд.
Заседание рабочей группы по вопросам реализации Соглашения между Правительствами РФ и Республики Таджикистан об организованном наборе граждан Республики Таджикистан для осуществления временной трудовой деятельности на территории России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2025
Тоҷикистон аз мушкилоти иҷтимоиву ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнати дар ҳудуди Русия гуфт
Зимни мулоқот ҳамчунин ташкили курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорони забони русӣ дар асоси захираҳои илмӣ-таълимии Донишгоҳи омӯзгории Олтой ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ ва густариши робитаҳо дар бахши маориф ва илм таъкид намуданд.
Лентаи хабарҳо
0